АЗ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР СИПОСГУЗОРЕМ!
2024-09-16
9-уми сентябри соли
1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳуҷҷати
“Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон”- ро қабул карданд. Ҳамин
ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар
эълон кард.
Соли равон аз таърихи қабули ин ҳуҷҷати тақдирсози кишварамон 33
сол пур шуд. Дар ин муддати начандон
тўлонии таърих халқи меҳнатқарини тоҷик зери Парчами Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки роҳи беш аз садсолаҳоро
пушти сар карда бошад. Кас аз ин ободӣ ва рўз аз рўз хурраму зебо гардидани саросари Тоҷикистони
азизамон -Ватани ягонаи тоҷикони дунё ба ваҷд меояд ва суханони шакарину
ҳидоятсози Пешвои миллат - “Тоҷикистон ба пеш”-ро гаштаю баргашта замзама менамояд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илми
тоҷик низ ба дастовардҳои оламшумули таърихӣ соҳиб гардид, ки ин пеш аз ҳама, ба
талошу ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат
ба рушди илми тоҷик вобастагии амиқ дорад. Масалан, олимони Шуъбаи биологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар омўзиш ва таҳқиқоти набототу ҳайвоноти нодири кишварамон
натиҷаҳои арзишманди илмиро ба даст оварданд.
Месазад ёдовар гашт, ки дар натиҷаи беҳтар намудани
корҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои чунин соҳаҳои муосири илм, ба монанди генетика,
селексия ва биотехнология дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи
растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бештар аз 10 навъи серҳосилу ба
касалиҳо тобовари зироатҳои кишоварзӣ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо айни ҳол
дар майдони бештар аз 10 ҳазор гектар кишту кор мегарданд.
Олимони ин махзани илм тавассути ба даст овардани
чунин навъу намунаҳои нодири зироатҳои кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории
аҳолӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, саҳми
арзандаи хешро мегузоранд.
Чунин дастовардҳои самараноки илмӣ дар солҳои
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар дигар муассисаҳои илмии
зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо
дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши асосӣ мебозанд.
Бояд зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлоли
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат ва натиҷаҳои бадастовардаи олимони тоҷикро
қадр намуда, онҳоро бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегардонанд, ки ин ба
кўшишу ғайрати олимони тоҷик қувва ва илҳоми тоза мебахшад.
Имсол ҳам дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 20 нафар олимони Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили унвони фахрии “Корманди шоистаи
Тоҷикистон” ва медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд, ки дар миёни онҳо
шаш нафар кормандони Шуъбаи илмҳои биология мебошанд.
Мо, олимони тоҷик, аз ин ғамхорӣ ва дастгирии
падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
қаблан сипосгузорем ва минбаъд ҳам тамоми қувва ва неруи зеҳниамонро баҳри боз
ҳам баланд бардоштан ва самаранок гардидани натиҷаҳои илмӣ сарф намуда, дар
рушд ва пешрафти иқтисодиёти кишвари азизамон саҳми шоистаи хешро мегузорем.
Акобир Мирзораҳимов,
ноиби
Президенти Академияи миллии
илмҳои
Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор,
Қурбоналӣ Партоев,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор