ҲАШАРИ ҲИЗБИЁН ДАР ЧАҲОР МИНТАҚАИ ПОЙТАХТ
2024-09-16
Барои дар амал татбиқ
намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси
шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби сокинону
истиқоматкунандагони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, аъзои фаъоли Ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар
минтақаи дигари пойтахт шанбегии
дастаҷамъиро доир намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки
ҳизбиён барои тозагӣ ва
созандагиву ободонӣ дар маҳаллаи Гостелло-и ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Анзоби
ноҳияи Исмоили Сомонӣ, минтақаи 91 - и ноҳияи Сино ва шаҳраки 64 - и ноҳияи
Фирдавсӣ ба ҳашар баромада барои тозагиву ободонии пойтахт камари ҳиммат
бастанд.
Ҳамзамон бо ин, аъзои
ҳизб дар пойтахт аз сокинони маҳаллаву минтақаҳои мазкур даъват карданд, ки биёед, бо ҳам назди хонаву коргоҳ,
кӯчаву роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дар маҷмуъ, пойтахти азизамон - шаҳри Душанберо, ки хонаи умеди
мост, тоза нигоҳ дорем ва майдончаҳои варзиширо, ки баҳри рушди солимию варзиш
ва фароғати кӯдакону наврасони мо бо заҳматҳои зиёд бунёд шудаанд, самаранок
истифода барем!
Ёдовар мешавем, ки
иқдомҳои ҳизбиёни пойтахт пайравӣ ба ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаи Раиси шаҳри
Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри гулрез” табдил додани шаҳри
Душанбе буда, таҳти шиори “Шаҳри ман -
хонаи ман” то Ҷашни 30 - солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.
Дар ин раванд, ҳизбиён
бо шиори майдончаҳои варзиширо самаранок истифода мебарем, атрофи майдончаи
варзишии минтақаи 91 - и ноҳияи Синоро тоза намуданд, ки чунин ташаббусҳои
ободонӣ то ҷашнҳои дарпешистода рӯйи даст гирифта мешавад.
Бояд қайд намуд, ки
ҳизбиёни пойтахт тозакории дастаҷамъонаро омили назофату покизагӣ дониста, ба
вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист, инчунин ба маърифати экологии
сокинон ба манфиат арзёбӣ мекунанд.