Конференсияи XX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

2024-09-16

Конференсияи XX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид. Рӯзномаи конференсия аз ҳафт масъала - “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ”, “Дар бораи ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ”, “Дар бораи интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён”, “Дар бораи интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён”, “Дар бораи интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён”, “Дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ваҳобиддин Абдуллозода доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод.

Ҳамзамон, доир ба ин масъала аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Қубодиён Мирзодавлат Сабурзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода доир ба бурду бохти фаъолияти ҳизбӣ дар ноҳия ва роҳҳои ҳалли мушкилот ва камбудиҳо суханронӣ намуда, бобати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан, таҳкими низоми қабул ба узвият ба ҳизб, мусоидат ба ҳамкориҳои мутақобила ва амалисозии дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон андешаҳои хешро ба таври мушаххас баён доштанд.

Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода дар идомаи суханронии худ оид ба масъалаҳои иҷрои уҳдадориҳои ҳизбӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти аъзои ҳизб намудани кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мубориза ба муқобили ифротгароию бегонапарастӣ ибрози назар кард.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён иборат аз 33 нафар бо ҷонибдории якдилонаи вакилони ҳизбӣ интихоб шуданд.

Дар робита ба масъалаи чоруми рӯзномаи Конференсия – “Дар бораи интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода пешниҳод кард, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳобиддин Абдуллозода ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён пешбарӣ мегардад. Дар Конференсия Ваҳобиддин Абдуллозода аз нав ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён интихоб гардид.

Аз рӯйи масъалаҳои дигари рӯзномаи конференсия аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва 36 нафар вакили ҳизбӣ барои иштирок дар Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.

Дар қисмати ниҳоии конференсия заҳмати чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қадрдонӣ шуданд. Пас аз анҷоми Конференсия аз ҷониби фаъолони ҳизб ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия ва 26 нафар ятими кулл сару либоси мактабӣ, варзишӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.