БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

2024-09-13

12 сентябри соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод конференсияи XVIII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Азизи Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баргузор гардид.

Дар кори конференсия инчунин Муҳаммадҷонзода Олимҷон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хол Карим Иброҳим - директори генералии ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва Фақерзода Қадриддин Аббос раиси ноҳия иштирок намуданд.

Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз бахшид.

Қобили зикр аст, тибқи меъёри намояндагии муайяншуда аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия 180 нафар вакил даъват гардида, инчунин собиқадорон, фаъолони ҳизб, аъзои ташкилоти ҷамъияти “Созандагони Ватан” ва масъулини сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои нави кумитаи иҷроия, интихоби аъзои комиссияи тафтишотӣ, интихоби аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, интихоби раиси кумитаи иҷроия ва интихоби вакилон ба Анҷумани 15 - ҲХДТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Фозилзода Ҳилолӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолияташро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарори Анҷумани XIV - уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Қайд карда шуд, ки аз тарафи Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод дар давраи ҳисоботӣ беш аз 459 чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ, варзишӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо, нашри мақолаву вокунишҳо дар матбуоти даврӣ, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо фарогирии беш аз 28242 нафар сокинон ташкил карда шуда, ба шарҳу тавзеҳи паёми Президети Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, пешгирии терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, тафсиру тарғиби қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим бахшида шуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Сипас, музокирачиён, вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Искандарова Шарофат аз ташкилоти ибтидоии «Зиёиён» Баҳодур Абдусатторов аз ташкилоти ибтидоии «Эҷодкор», Ҷобирзода Парвиз аз ТҶҶ «Созандагони Ватан», Рамазонзода Зулфиқор– раиси гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ, Ҳусейнзода Фарзона - раиси комиссияи кор бо занони кумитаи иҷроия ва дигарон баромад намуданд.

Дар конференсия Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор - муовини якуми Раиси ҲХДТ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки таҷлили ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар аъзо ва ҷонибдори он дар баробари санаи мубораку хотирмон будан, ҳамзамон мояи ифтихор ва боиси тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ хоҳад буд. Татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо ба назар мерасад. Таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ миёни халқ, баланд бардоштани ҳиси худшиносии насли ҷавони мамалакат, дар руҳияи ватандӯстӣ ба камол расонидани онҳо аз ҳадафҳои рӯзмараи ҳизбиён ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон мавсуф доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод андешаронӣ намуда, таъкид намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.

Дар конференсия муовини раиси ноҳия Мансурзода Қодирҷон баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи конференсия, раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Шарифзода Бахтиёр дар бораи фаъолияти молиявии кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод. Дар рафти кори конференсия аъзои нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод интихоб гардиданд,

Ҳамзамон тибқи меъёри муайяншуда 6 нафар вакилон ба Анҷумани 15 - уми ҲХДТ интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида шуда, якчанд ҷавонон ба сафи ҳизб шомил шуданд ва ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.