Конференсияи XX ҳизбӣ дар шаҳри Роғун

2024-09-12

Конференсияи XX ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК “НБО Роғун” Абдулаҳадзода Сайдулло баргузор гардид.

Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар кори конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ; - дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ;

- интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун; Интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун;

- интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун;

- интихоби вакилон ба Анҷумани 15 - уми ҲХДТ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Нусратулло суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун фаъолияташро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Сипас, музокирачиён Абдулаҳадзода Сайдулло, вакил аз ташкилоти ибтидоии “ҶСК НБО Роғун” Шарипов Дилбар, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк”, Камолов Тоир вакил аз ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи тиббии Оби Гарм”, Сафарова Райҳона вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ибтидоии мазкур ибрози андеша намуданд, инчунин фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғунро қаноатбахш арзёби намуданд.

Зимнан, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло суханронӣ карда, изҳор дошт, ки боиси сарфарозист ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати сартосарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем. Дар воқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем. Бояд кайд намоям, ки ҳамкории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассосӣ дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, асри технологияҳои муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда фаъолиятро мутобиқгардонида дуруст ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон мавсуф фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи ҳисоботӣ қанотбахш арзёбӣ намуданд.

Зимнан муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон низ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд. Инчунин мавсуф барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дастуру тавсияҳои муфид дода таъкид доштанд, ки мо ҳизбиён бо рафтор, кирдор ва амали хеш бояд дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошем.

Зимнан, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун иборат аз 25 нафар аъзои ҳизб аз тамоми касбу кори гуногун интихоб гардиданд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон изҳор доштанд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосимзода Нусратулло Каримро ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун пешниҳод намуда, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шуд.

Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун иборат аз 7 нафар соҳибтахассусон дорои таҷрибаи баланди молияви дошта интихоб гардиданд. Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаи шашуми рӯзнома, вакилон ба Анҷумани 15-уми ҲХДТ интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар ҷавонон бо ариза ба роҳбарияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун ҷиҳати пайвастан ба сафи ҲХДТ муроҷиат намуданд тибқи талабот ба сафи ҳизб қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳо аз ҷониби аъзои раёсат тантанавор тақдим карда шуд. Ҳамзамон чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун сарфароз гардиданд.