ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

2024-09-11

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи ҳамешагии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисми зиёди шаҳру навоҳии мамлакат биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизб ба тарзи замонави бунёд шуда истодаанд, ки ин иқдом барои баланд бардошатни сатҳу сифати кории кормандони ҳизб дар манотиқи кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ин маврид, ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, санаи 11-уми сентябри соли равон дар ноњияи Варзоб бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб - Самад Зафар Тағой, раиси ноҳияи Варзоб - Дамонзода Хусрав Назаралӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шерализода Муҳаммадулло Умар, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ - Хонзода Абдураҳмон ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор таъкид доштанд, ки дар ин рузҳои идонаву фархунда, ки мардуми кишвар зери таасурот аз таҷлили Рузи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор доранд, кушодашавии бинои наву замонавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб барои аъзои ҳизб ва ҳар фарди ватандӯсти ин ноҳия, падидаи фараҳбахш ва руйдоди муҳим мебошад. 

Мавсуф ба сифати корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён баҳои баланд дода, барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос баён намуданд.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар сохтмони ин иншооти муҳим саҳми асосиро гузошта, талош намуд, ки он дар фурсати кутоҳ ва ҷавобгӯй ба талаботи муосир мавриди истифода қарор гирад.

Аз ин хотир аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои сохтмони бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб 2 млн 6 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Бо истифода аз фурсати муносиб ба лоиҳакашону сохтмончиён, мутасаддиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин иншооти зебову замонавї саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуд.

Дар заминаи ин бунёдкориҳо, фаъолияти ҳамаҷонибаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб тақвият ёфта, масъулини ҳизбро водор ба он менамояд, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб кушишу талоши бештар намоянд.

Дар ин замина, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ суханронӣ намуда, ёдовар шуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ- сиёсӣ буда, фаъолияташро барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона намудааст.

Иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст, ки ба ҳусни ноҳияи Варзоб зебогии дигар зам мекунад.

Бинои маъмурӣ аз панҷ утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст. Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо истифода аз шароити лозима бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият созанд.