Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа
2024-09-11
Дар толори мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа конференсияи
18 - уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа баргузор гардид.
Дар кори мудири шуъбаи
таблиғот ва ташвиқотии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон Садриддин Ширинбеков, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа, раиси ноҳия Сафарзода Лашкар Аслам,
иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори
Конференсия вакилони маҷлиси вакилони халқи ВМКБ,
вакилони маҷлиси вакилони халқи
ноҳия ва ҷамоат, собиқадорон,
аъзои фаъоли ҳизб, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ВАО ширкат
варзиданд.
Дар конференсия 7 масъала мавриди
баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Роштқалъа Алибеков Ансор шунида шуд. Баъдан раиси комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Роштқалъа Қодиров Қодир оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ
ахбор дод.
Ҳамзамон ҳайати нави
аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа дар ҳайати 31 нафар интихоб гардида,
Алибеков Ансор раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа интихоб гардид.
Конфренсия 18 нафар
вакилонро бо конференсияи ҳисоботӣ -
интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ интихоб
намуд.
Фаъолияти
дуюнимсолаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа аз тарафи вакилон ва иштирокдорони
конференсия қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.
Зимни
баромад зикр гардид, ки бо шарофати сисёсати хирадмандонаю ҷавонпарваронаи
Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистони мо ба марҳилаи нави тарақиёти худ таҳким ва
густариши беш аз пеши дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба
ин васила бунёд сохтани ҷомеаи навини воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ
дохил шудааст. Дар ин радиф, ҳизб ҳамаи барномаҳои худро бо дарназардошти
таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кардааст ва оянда низ ҳамқадами ҷомеаи
муосир ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшони худ харакат мекунад.
Дар
охир ба 5 нафар ҷавонон, ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд шаҳодатномаи ҳизбӣ
тақдим карда шуд.
Инчунин
фаъолони ҳизби ноҳия, собиқадорон ва варзишгарон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои
хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.