АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!» ДАР ШАҲРИ БӮСТОН
2024-09-11
Бо
ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида
ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Рӯзи
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон бо
Пешвои миллат, ба пеш!» роҳандозӣ гардида буд. Баҳри иҷрои иқдоми мазкур,
Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон санаи
09-уми сентябри соли 2024 дар саҳни бинои Донишкадаи куҳию металургии
Тоҷикистон аксия баргузор намуд.
Ёдовар
мешавем, ки дар иқдоми мазкур раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, Ректори Донишкадаи куҳию
металургии Тоҷикистон профессор Маҳмадали Бахтиёр Набӣ ва 100 нафар аъзои
фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.
Ҳадаф
аз баргузории аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» тарғибу
ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, нақши Истиқлол дар ташаккули аркони давлатдории навини
тоҷикон, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.