Ҳифзи Истиқлол вазифаи муқаддас аст
2024-09-11
Дар асоси нақшаи
чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо
мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва гиромидошту ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият, дар китобхонаи
марказии шаҳри Истиқлол бахшида ба 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Ҳифзи Истиқлолият вазифаи муқаддас
аст!» бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон ва хонандагони
фаъоли муасисаҳои таълимии шаҳр, баргузор гардид.
Ба кори конференсия
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол
Наргиза Разоқова ҳусни оғоз бахшида, пас аз муаррифии меҳмонон оид ба аҳаммияти
таърихии ин санаи муқаддас ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон дар кори конференсия муовини
сардори шуъбаи РКДАМ дар шаҳри Истиқлол, мудири бахши кор бо занон ва
оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол, раиси Шӯрои
собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбари
маҳфили адабии «Насими Истиқлол», директори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ,
сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Навиди Истиқлол» дар баромади худ аз хизматҳои
шоёни Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ва нақши боризи ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик ёдовар шуданд.
Ҳамзамон, хонандагон
бо қироати шеър дар васфи истиқлолияту ваҳдат, Ватан, сулҳу амонии кишвар
хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Дар интиҳо ба якчанд
нафар фаъолон, ки тоза ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд, аз ҷониби меҳмонон
шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.