Истиқлолият шиносномаи давлату миллат аст

2024-09-11

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ намуда, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ карда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оинни давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани кишвари мо бузургтарин руйдоди таърихӣ дар охири асри бистум мебошад. Зеро баъди ҳазор соли бедавлатию истиқлолхоҳӣ халқи тамаддунофари мо ба орзуи дерина расида, соҳибихтиёр шуд.

Истиқлолият имкон дод, ки мо таърихро боз ҳам беҳтару хубтар дар аслаш бубинем. Дар равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии дунё фаъолона иштирок намоем. Дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатдорӣ мустақилона амал намоем. Истиқлолият халқи парешонро зери парчами давлатӣ мутаҳҳид намуд ва имкон дод, пай ҳалли аҳдофи стратегии мамлакат мардум ҳамфикру ҳаммаром бошанд. Аз ҳама мухимаш он аст, ки миллати тоҷик озодӣ ба даст овард ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ камар баст. Миллати ба орзурасидаи тоҷикро дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бадхоҳон ва душманони миллат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Ҷомеаи навини тоҷикон хисороти бузурги моллию ҷонии зиёд дид. Аммо хиради азалӣ боло гирифт ва вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд сессияи 16 - ум Шӯрои Олиро даъват намуда, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Интихоби вакилони мардумӣ марҳаме шуд ба захмҳои пайкори миллат яъне баъди ба арсаи сиёсат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарорсози сохторҳои давлатӣ, хоҷагии халқи мамлакат оғоз шуд ва бо муваффақият ба нуктаи мантиқиаш расид.

Вақте ба 33 – соли истиқлолият назар меафканем мебинем, ки дар тӯли ин солҳо мақсадҳоеро Пешвои миллат амалӣ карданд, ки онҳоро халқи тоҷик дар дил мепарварид. Сохтмонҳои бузурге қомат афрӯхта дар хизмати ҷомеа қарор гирифтанд, ки ҳар кадоми онро метавон корнамоии бузурги таърихӣ номид. Аз файзи истиқлолият кишварамон дар дунё муаррифӣ гардид. Забону фарҳанги миллӣ эҳё шуд. Дар тамоми қитъаҳои рӯи олам миллати моро бо даст овардани сулҳи сартосарӣ ба ваҳдати миллӣ мешиносанд.

Ваҳдати миллӣ асоси андешаи миллиро ташкил мекунад ва фарҳанги сулҳи тоҷикон аз забони коршиносони байналмилалӣ нодир арзёбӣ шуд. Дар ҷойи дигар низ Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Ба туфайли мустақилият пайдо намудани давлатамон садоқату ҷоннисории Президенти кишвари мо тамаддуни башариятро бо фарҳанги сулҳ ғанитар кардем. Барои ҳамин ҳам масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҳар як сокини Тоҷикистони офтобрӯя вазифа мегузорад, ки баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишварамон содиқона хидмат намоянд.

33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Иброҳимзода Неъматулло,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар