КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

2024-09-11

Конференсияи XVIII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир баргузор гардид.

Пеш аз оғози конференсия ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Хуросон дидан карда, ба онҳо баҳои муносиб доданд.

Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ; дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ; Интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон; Интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон; Интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон; Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Бозорзода Рустам суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон фаъолияташро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои анҷуманҳои XIII ва XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нақшаҳои кории Кумитаи иҷроия ва пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои тарғиботӣ бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои бунёдкориву созандагиро ба роҳ мондаанд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд.

Сипас, музокирачиён Сиддиқзода Ғолибҷон, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” ва ТҶҶ Созандагони Ватан, Шукурова Гулсун Ҷунайдовна, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, Дустова Ҳабиба, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонгоҳ” ва Аминов Алимаҳмад, собиқадори ҳизб, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия баромад намуданд.

Зимнан, раиси ноҳияи Хуросон Суризода Носир суханронӣ карда, изҳор дошт, ки боиси сарфарозист ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милиӣ, пешвои миллат, Раиси муазами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд. Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва Ваҳдати саросарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлису ҷамъомадҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои будёдкорона ва ободиву шукӯфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон сухан карда истодаем. Дар воқеъ, танҳо чунин шароит созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба мо аъзои ҳизб имкон медиҳад, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб гузорем ва ба ҳамин васила ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем. Бояд кайд намоям, ки ҳамкории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ҳамбастагӣ механизмҳои кориро дар ин давраи ҳассосӣ дунё, гуногунрафтории сиёсати давлатҳо, низоъҳои сарҳадӣ, асри технологияҳои муосир ба ин душвориҳо нигоҳ накарда фаъолиятро мутобиқгардонида дуруст ба роҳ мондаанд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни баромади хеш оид ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баромад кард. Зикр дошт, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби аъзокӯнӣ ба сафи ҳизб ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ҳизбӣ яке аз фаъолиятҳои асосии ҲХДТ ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки имрӯз ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд дар муқобили хоинони ин миллату давлат бо устуворӣ қавӣ ва дониши мусаллаҳ истодагарӣ намояд. ҲХДТ ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳизби пешоҳанги ҷомеа аст, ки Роҳбарии онро Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доранд. Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист, ки аъзои ин ҳизби бонуфузи мамлакат ҳастем.

Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон низ доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонону бонувон андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои ибтидои вазифадоранд, ки ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти саривақтии узвият тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монанд.

Зимнан, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи конференсия аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон интихоб гардиданд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзномаи конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон изҳор доштанд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бозорзода Рустам Сабзалиро ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон пешниҳод намуда, аз нав ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб карда шавад.

Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон интихоб гардиданд. Ва тибқи масъалаи шашуми рӯзнома вакилон ба конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Дар қисмати ниҳоии конференсия якчанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон сарфароз гардиданд.