ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР КИИ“ОРИЁФАР”
2024-09-10
Дар
толори ҶСК “Ориёнбонк” бо иштироки раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло, Маҳмадаминов Маҳмадамин -
муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” ва аъзои ҳизб ба ифтихори 33 - юмин солгарди
ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва 20 - солагии таъсисёбии Кумитаи иҷроияи ибтидоии
“Ориёфар” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Суруди миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуд. Сипас Маҳмадаминов Маҳмадамин - муовини
раиси ҶСК “Ориёнбонк” сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ
намуд.
Дар идома Мирзозода
Иброҳим суханронӣ намуда, иброз намуд, ки яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлоли
давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як
миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии
давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз
ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ
падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад. Раванди ба даст
овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе
қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа
нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.
Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон
ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди
шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати
миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки Истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд
ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар
кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда,
тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи
боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад. Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон
дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус
диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат,
воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба
шумор меравад. Истиқлоли давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони
давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи
ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони
истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба
таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли
инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.
Ҳамзамон Қурбонзода
Хоналӣ вобаста ба соҳибистиқлоли кишвар маъруза намуда иброз
намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 - сентябри соли 1991 расман соҳибистиқлол эълон
гардид.
Қабули Истиқлоли давлатӣ боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо
номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз
ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ шинохта шуд, ки ин имконият
фароҳам овард, то дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ ноил гардем. Касби Истиқлоли давлатӣ аз давлати ҷавон
тақозо менамуд, ки дар самти ба по мондани низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули
қонунҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани шакли сохти
давлатию идоракунӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои зисту зиндагонии
аҳолии кишвар ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун
арзиши олӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.
Инчунин мавсуф вобаста
ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ иброзӣ андеша намуданд.