ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
2024-09-07
Бо ташаббусу
дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи
самараноки ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ мавқеи нуфузи ҲХДТ дар ноҳияи
Шаҳристон густариш дода шуда, қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони
бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бунёд гардид.
Санаи
7-уми сентябри соли 2024 дар доираи сафари кории меҳмонони олиқадр ба вилояти
Суғд бо иштироки муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим
Каримзода, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва
Раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристонро, ки ба хотири истиқболи
сазовори 30-солагии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври
замонавӣ бунёд гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Иншоот
аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст, ки
ба ҳусни ноҳияи Шаҳристон зебогии дигар зам мекунад.
Бинои
маъмурӣ аз панҷ утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он беҳтарин шароит
барои кормандон фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизототи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Маврид
ба зикр аст, ки тибқи қарори Раиси ноҳия барои сохтмони бинои маъмурӣ 218,4
метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда шуд. Корҳои сохтмонӣ 1-уми апрели соли
2024 оғоз ёфта, он бо дастгириҳои бевоситаи аъзоёни фаъоли ҳизб, вакилон,
соҳибкорону саховатпешагони ноҳия ба нақша гирифта, ба тариқи ҳашар омода карда
шуд.
Арзиши
аслии сохтмони бинои мазкур 1800000 сомониро ташкил медиҳад. Дар сохтмони бинои маъмурии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон зиёда аз 60 нафар сохтмончиён ва
зиёда аз 200 нафар ҳашарчиён ширкат намуда, он бо истифода аз масолеҳи
баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Муовини
аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба сифати
корҳои сохтмон баҳои арзанда дода, барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори
сипос кард.
Ҳамчунин, аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуд.