ДАСТАИ ХАТЛОН - 2 СОҲИБИ “ҶОМИ ҲХДТ” ШУД

2024-09-07

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи мазкур 6-уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки дастаҳои ғолиби ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт, водии Ҳисор ва НБО-и “Роғун” дар майдончаи варзишии Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар асоси низомномаи мусобиқа 8 дастаи мудаии асосии “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар ду гурӯҳ – “А” ва “Б” миёни ҳам рақобат карданд.

Дар гурӯҳи “А” дастаи НБО-и “Роғун” бо касби 7 имтиёз ва дастаи “Ҳисор” бо 6 имтиёз ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар гурӯҳи “Б” бошад, дастаи “Хатлон-2” бо касби 9 имтиёз ва дастаи “Душанбе” бо 6 имтиёз аз гурӯҳ баромаданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои хеш зинаи аввалро соҳиб шуданд, барои ҷойҳои якуму дуюм сабқат карданд ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо зинаи дуюмро соҳиб шуданд, барои мақоми сеюм рақобат карданд.

Дар натиҷа дастаи “Хатлон-2” дастаи НБО-и “Роғун”-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода, соҳиби “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шуд.

Дастаи НБО-и “Роғун” бошад, бо касби зинаи дуюми мусобиқа медалҳои нуқраро ба даст оварда, бо 7500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дастаҳои “Душанбе” ва “Ҳисор” барои касби зинаи сеюми “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба майдон баромаданд. Вақти асосии ин дидор бо ҳисоби 2-2 ба поён расид. Дар натиҷаи силсилаи зарбаҳои ҷаримавӣ футболбозони дастаи “Душанбе” бо ҳисоби 2 бар 1 пирўз шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро ба гардан овехтанд ва соҳиби 5000 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, директори Академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе Равшан Бахтӣ, собиқадорони футбол Шариф Назаров ва Алиаҳмад Мирзоев ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии якчанд шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

“Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”-ро муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ба ғолибон тақдим кард.

Абдуҷаббор Азизӣ зимни маросими ҷоизасупории мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” иштирокчиёни чорабиниро аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ  ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ҳамзамон, афзуд, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон, алалхусус, ҷавонони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” ва муайян намудани беҳтарин дастаи футбол шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсуб меёбад.

Мавсуф инчунин илова кард, ки иқдоми мазкур ҷиҳати ҳамовозӣ ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид, дар сатҳи баланд баргузор хоҳад гашт.

-“Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи мазкур марҳилаи интихобӣ аз сатҳи маҳаллаву деҳа, марҳилаи дуюм дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, марҳилаи сеюм дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тибқи талаботи Низомнома баргузор гардид.

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти он ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб меёбад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун омили муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ мекунад ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад”-афзуд муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ

Инчунин, дар ҷамъбасти мусобиқа аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба дастаҳои иштирокчӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва шахсони масъул, ки дар баргузории чорабинии мазкур саҳми назаррас доштанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Илова бар ин, ба беҳтаринҳои мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамаи бозиҳои марҳилаи ниҳоии “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”-ро доварони касбӣ ҳакамӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз соли 2020 инҷониб бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳу сифати баланд баргузор мегардад.