НАШРИ КИТОБИ ҶАШНӢ
2024-09-07
Бо
ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба
30-солагии ҲХДТ нашриёти “Истеъдод” бо теъдоди 1500 нусха таҳти унвони “Ҳизби
пешбар ва раҳнамо” китоберо ба табъ расонд, ки он маҷмуи маърузаю суханрониҳо,
мақолаҳо ва мусоҳибаҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳорро фаро гирифта, дар он аз таърихи таъсисёбии ҳизб,
мақому саҳми он дар пешрафти ҷомеа ва стратегияву нақшаҳои минбаъдаи он сухан
меравад.
Мавсуф
сиёсати бунёдкорона, мутавозин ва дурбинонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маърузаву суханрониҳо, мақолаҳо ва
мусоҳибаҳои худ дар ВАО бо мисолҳои равшан, далелу арқоми мушаххас, возеҳу
равшан инъикос ва таҳлилу баррасӣ намудааст.
Ҳама
маводҳои дар китоб ҷамъовардашуда бо сарчашмаҳои муътамад нишон дода шуда,
симои воқеии Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ
бо ҳодисоти таърихӣ воқеӣ инъикос ва муаррифӣ гардидааст.
Назари
муаллиф ва андешаҳои ӯ дар масъалаҳои шакл гирифтани низоми сиёсӣ, рушди
иқтисоди миллӣ, ташаккули сиёсати иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, ки дар саргаҳи
он Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, инъикосгари заҳматҳои
шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди
давлати мустақили Тоҷикистон мебошад. Муаллиф тавонистааст, ҳар хулоса ва
пешниҳоди худро дар заминаи таҳлили ҳодисаҳои мушаххаси таърихӣ ва ҳуқуқӣ, ки
дар таърихи миллати мо аҳамияти бениҳоят бунёдӣ доранд, асоснок карда, бо
овардани мисолу намунаҳо аз таърих ва таҷрибаи давлатҳои муваффақ мафкураи
хонандаро ҷиҳати мутаҳҳид шудан дар атрофи ғояҳои созандаи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ҳидоят месозад.
Хонанда аз ин китоб барои худ метавонад дар бораи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки марҳилаҳои санҷишии таърихиро тай намуда, ба як ниҳоди қудратманди сиёсӣ табдил ёфтааст, маълумоти заруриро дастрас намояд. Итминони комил дорем, ин асар, ки саршори ғояҳои худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва маводи таҳлилӣ - илмист, ба мафкураи сиёсӣ ва миллии хонандагон дар тақвияти маърифати сиёсии мардум таъсири мусбат хоҳад расонид.