Ҳадяи Истиқлол

2024-09-07

 Ҳилолӣ Фозилзода, раиси Кумитаи

 иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии

 Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

  

Истиқлолро рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он медонанд.

Дар замони истиқлолият мо соҳиби Конститутсияи нави худ, рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ гардидем. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфт.

Аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз рушди босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва бад ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар тибқи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид. Вале барои расидан ба ин рӯзҳо ва ин ҳадафҳо роҳи мураккабу тӯлоние пушти сар гардид.

Бо амри тақдир пас аз соҳиб шудан ба соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва ба ҷои бунёди давлати тозаистиқлол харобкорӣ, ба ҷои созандагиҳо сӯзандагиҳо шуруъ шуд ва оташи ҷанг ба тамоми кишвар аланга зад. Дар шароити душвори ноумедиҳо моҳи ноябри соли 1992 фарзанди ҷасуру хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ баланд шуда, ба ҳозирини хитоб намуд: Ман ба шумо сулҳ меоварамВа ба ваъдаи худ вафо намуд.

Имрӯз мо дар ноҳияи дурдасти Тоҷикобод пайдарпай амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукуматро мебинем. Ба истифода дода шудани шоҳроҳи байналмилалӣ то сарҳади Қирғизистон, ки аз марзи ноҳияи мо мегузарад, сохтмони пули азими Ваҳдат дар даромадгоҳи ноҳия, варзишгоҳ барои зиёда аз 6000 ҷой, бунёди меҳмонхонаи сеошёонаи замонавӣ ва сохта ба истифода додани даҳҳо иншоотҳои таъиноти гуногун, ки самараи истиқлол мебошанд, исботи ин гуфтаҳост.

 Дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқоли кишвар дар маркази ноҳияи мо ба истифода дода шудани бинои зебову нодири қасри фарҳанг, бинои шуъбаи молия ва даҳҳо марказҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ симои ноҳияро боз ҳам зебо мекунанд.

 Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33-солагии Истқилоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиёни ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ва иқдомҳои хайриявию башардӯстона ба роҳ монда шудаанд, ки мардум онҳоро хеле хуб қабул менамоянд.

 

Иброҳим Мирзозода,

раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби

Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Истиқлоли миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд: “...бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон аст”.

Ин рӯйдоди фараҳбахшро 33 сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991 давлати ҷавони мо соҳиб шуд ва аз як кӯчаи сарбаста ба шоҳроҳи пурифтихори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дида истодаем.

Маҳз истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ пайдо кунад ва бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ нуфузи худро тақвият диҳад. Маҳз истиқлол сабаб шуд, ки халқи тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллии худ гардад ва худро дигарбора ҳамчун халқияти дорои тамаддуни пурифтихори қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ созад ва тамоми анъанаҳои миллии худро дубора эҳё кунад.

Дар ин масир нақши ҲХДТ дар пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар назаррас буда, он заминагузори меҳварии эҳёи дубораи анъанаҳои аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ - истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳ доштани давлати миллӣ ва шакл гирифтани давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии сардафтари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва бунёдкору пешоҳанг дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз ҷонибдории комил намуда, дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона доранд.

Ҳукумати мамлакат бо назардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, як қатор асноди заруриро ба тасвиб расонидааст.

Аз ҷумла таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, марҳила ба марҳила зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд далели равшани онанд.

Махсусан, таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”-ро метавон ном бурд, ки барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои мавҷуда, айни ҳол зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат таҳсил мекунад, ки ин низ гувоҳи дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Фазои зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи ногувори минтақа, афзудани тамоюлҳои номатлуб ва бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат моро водор ба он месозад, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ беш аз пеш талош намоем ва саҳми худро дар ин самт гузорем.Зеро масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва Истиқлолу озодӣ рӯз то рӯз аҳаммияти ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

 

Иброҳимзода Неъматулло,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани кишвари мо бузургтарин рӯйдоди таърихӣ дар охири асри бистум мебошад. Зеро баъди ҳазор соли бедавлитию истиқлолхоҳӣ халқи тамаддунофари мо ба орзуи дерина расида, соҳибихтиёр шуд. Истиқлолият имкон дод, ки мо таърихро боз ҳам беҳтару хубтар дар аслаш бубинем. Дар равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии дунё фаъолона иштирок намоем. Дар ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ мустақилона амал намоем. Истиқлолият халқи парешонро зери парчами давлатӣ мутаҳҳид намуд ва имкон дод, пайи ҳалли аҳдофи стратегии мамлакат мардум ҳамфикру ҳаммаром бошанд.

Аз ҳама муҳиммаш он аст, ки миллати тоҷик озодӣ ба даст овард ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ камар баст.

Вақте ба 33-соли Истиклолият назар меафканем, мебинем, ки дар тӯли ин солҳо мақсадҳоеро Пешвои миллат амалӣ карданд, ки онҳоро халқи тоҷик дар дил мепарварид. Сохтмонҳои бузурге қомат афрохта, дар хизмати ҷомеа қарор гирифтанд, ки ҳар кадоми онро метавон корнамоии бузурги таърихӣ номид. Аз файзи Истиқлолият кишварамон дар дунё муаррифӣ гардид. Забону фарҳанги миллӣ эҳё шуд. Дар тамоми қитъаҳои рӯи олам миллати моро бо даст овардани сулҳи сартосарӣ ба ваҳдати миллӣ мешиносанд. Ваҳдати миллӣ асоси андешаи миллиро ташкил мекунад ва фарҳанги сулҳи тоҷикон аз забони коршиносони байналмилалӣ нодир арзёбӣ шуд. Дар ҷои дигар низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд”.

Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Ба туфайли мустақилият пайдо намудани давлатамон садоқату ҷоннисории Президенти кишвари мо тамаддуни башариятро бо фарҳанги сулҳ ғанитар кардем. Барои ҳамин ҳам масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҳар як сокини Тоҷикистони офтобрӯя вазифа мегузорад, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишварамон содиқона хидмат намоянд.

 

 

Мунзифа Пӯлотова,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои таърих

 

Мо ва онҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кор ва зиндагӣ менамоем, нафарони хушбахтем ва саодати бузурги давлатсозию миллатташаккулдиҳии Пешвои миллатро ҳамнафасу ҳамрадифем. Воқеаҳои давоми солҳои 90-ум дар Тоҷикистон рухдода, имрӯз барои мо мақоми сулҳро дар мадди аввал гузошт ва мо онро ғояи наҷоти миллати тоҷик мешуморем.

Саҳифаҳои таърих то ба Ваҳдат расидан, худ гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти сипаригардидаи инсонӣ таърих бисёр касонро ёд дорад, ки дар ҷомеа нақш ва саҳми босазои худро гузоштаанд.

Ва имрӯз ҳам татбиқи чунин амали рисолати созандагиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” меҳвари фаъолияти ҳар сокини ватандӯсти кишвар, бахусус ба аъзои ҲХДТ роҳандозӣ намудаанд.

Албатта, мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Такя ба саҳми абармардони миллати тоҷик ва ба хусус шахсияти нотакрори замони соҳибистиқлоли мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баъди ҳазорсолаҳо, бахусус дар таърихи давлатсозиву давлатдории тоҷикон ба миён омадаанд ва дар харитаи геополитикии ҷаҳон мавқеъ ва сарзамини мо тоҷиконро на танҳо поягузоштанд, балки ин халқу миллатро соҳиби давлати соҳибистиқлолу соҳиб тоҷ гардонданд.

Дар зарфи соҳибистиқлолӣ, истифода аз неру ва арконҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон қабул гардидани чор ҳадафи стратегии кишвар, эълони як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, барои вусъат бахшидани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, аз давлати ҷангзадаи Сурия баргардонидани занону кӯдакон, қабул гардидани якчанд қонун ва барнома, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, эълон гардидани даҳсолаи об ва муҳимтар аз ҳама сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз шароити мусоид барои таҳсил истифода аз имкониятҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ, ки олимону мутахассисон ва донишмандони асили меҳанро тарбия намуда истодааст, туҳфаи беназири ҷомеаи башарии Тоҷикистон мебошад. Зеро Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар вохӯрӣ бо олимони кишвар соли 2020 таъкид карда буданд, ки “Мо бояд ба тақдири халқу давлат, гузаштаву имрӯза ва ояндаи пурифтихори Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошем. Бетарафӣ худ нишонаи марг аст”.

Имрӯз ҳар як ҷавони кишвар бояд саҳми хешро барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ расонад ва дар роҳи ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошад. Зеро мо насли интихобшудаи таърихем расму оин, урфу одат ва таърихи пурифтихори миллату халқи худро гиромӣ медорем.

 Дар атрофи ғояи “Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!” муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ дошта, дар айни замон василаи муассиртарини ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии мо ба шумор меравад.

 

 Холиса Саидхонова,

 раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон

 

 Шодӣ ба дилҳо ёр шуд аз файзи истиқлоли мо,

 Дунёи мо бедор шуд аз файзи истиқлоли мо.

 Гулпӯш шуд саҳрову дашт, булбул ба шохи гул нишаст,

 Зебо Ватан гулзор шуд аз файзи истиқлоли мо.

 

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 33 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо ҳамчун нодиртарин дастоварди таърихӣ, яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ва рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мегардад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани армони чандинасраи миллат, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Истиқлолият ҳамсони офтоби ҷаҳонтоб бар сари миллати тоҷик тобид ва ҳаёти моро рангу ҷилваи тоза бахшид. Ҷашни Истиқлолияти давлатию миллӣ барои миллати ориёбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик чун тантанаи адолату ҳақиқати таърихӣ ва воқеияти сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.

 Даврони Истиқлолият давраи тиллоии таърихи мамлакати мост. Маҳз Истиқлолият барои ҳувият, худшиносии миллат, ифтихори миллӣ ва бедории нангу номус, эҳёи фарҳангу маърифати миллӣ замина фароҳам сохт ва барои рушди ояндаи кишвар роҳ боз намуд. Ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибихтиёр ва мутамаддин мавқеияти сазовор пайдо кард ва дар ростои бунёди давлати демократию дунявӣ гомҳои устувор мегузорад. Аз файзу баракати истиқлолият миллати тоҷик фарҳангу тамаддуни беш аз ҳазорсолаи худро аз нав эҳё сохт ва онро ривоҷу равнақ дод.

 Истиқлолият ба мардуми мо, пеш аз ҳама, неъмати бузургтарини ҳаёт озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим, истиқлол чашми мардумро боз кард ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод.

 

Сайрамбону Ҷалилзода,

 раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Истиқлолият арзишмандтарин дастоварди таърхии халқи тоҷик буда, ормонҳои ҳазорсолаи озодихоҳиву адолатпарастии миллати тоҷикро бароварда гардонид. Ин дастовард барои халқи тоҷик басо деринтизор буда, ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.

Истиқлоли тоҷикон дар рӯзҳои аввали ба даст овардан ба қурбониҳо ва душвориҳои сангин дучор гардид, аммо хиради азалии миллати тоҷик боз ҳам боло гирифт ва халқи тоҷик тавонист бо роҳбарии фарзонафарзанди хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама мушкилотро паси сар намуда, рӯ ба эъмори ҷомеаи соҳибистиқлолу тамаддунофар биёварад.

Дар тули таърих миллати тоҷик ба бисёр ноадолатиҳо рӯ ба рӯ гардида, аз шебу фарозҳо ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, муҳимтарин арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, илму адаб ва тамаддунофариву озодихоҳӣ, сулҳофариву ваҳдатсолориро аз даст надодааст. Ин арзишҳо дар даврони Истиқлолият боз ҳам густариш ёфта, дар устувор гардонидани пояҳои давлатсозиву давлатдории тоҷикон пойдовори мустаҳкам гузоштанд. Дар даврони Истиқлолият барои бедории худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, эҳёи расму ойин ва рушди фарҳанг тадбирҳои судманд андешида шуда, баҳри муаррифии фарҳанги воло, тамаддуни ғанӣ ва илму адаби миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолиятҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта, тавонист дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи устуворе ба худ касб намояд.

Муҳимтар аз ҳама бо ба даст овардани Истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеъ пайдо намуда, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва Пешвои миллати тоҷик чандин бор аз ин минбари бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Қабул гардидани ташаббус ва пешниҳодҳои ҷаҳонии Сарвари давлати тоҷикон дар соҳаи обу иқлим ва пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳи он мебошанд, ки Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад.

Чунонки Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Ба даст овардани Истиқлолият кори басо сангину заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои Истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулияттар аст.”

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳифзу ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, амният ва рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошад.

 

Боқимуҳаммад Боқизода.

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург дар таърихи давлатдории миллати тоҷик ба шумор меравад. «Истиқлол» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ махсусе мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як халқият аст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 33-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Мардуми тоҷик имрӯз аз он шукргузорӣ мекунад, ки соҳиби давлати мустақил ва дигар арзишҳои миллии давлатдорианд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар радифи давлатҳои соҳибистиқлол мақоми шоистаро касб намудааст. Зеро Истиқлолияти давлатии мамлакатамон аз ҷониби аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои СММ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон парафшонӣ менамояд.

 Маврид ба зикр аст, ки дар 33-соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо, ноҳияи Айнӣ низ дар тамоми самтҳо рушду инкишоф ёфт. Аз ҷиҳати иқтисодӣ, саноатӣ, фарҳангу маориф, тандурустӣ ва шароити будубошти мардум дар зарфи 33 сол рушди бесобиқа намудааст. Далели ин гуфтаҳо ба кор даромадани як қатор корхонаҳоси саноатӣ, нақбҳо, муассисаҳои таълимиву марказҳои хизматрасонӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, инчунин майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои гуногун ба шумор меравад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳаммияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми мавҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад.

Тоҷикистон таҳти сарварии раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар миқёси ҷаҳон шуҳрати бештарро соҳиб гардад, зеро ҳар иқдому ташаббус маҳз бо шарофати озодию мустақилияти ин миллат ва давлат, сулҳу субот ва оромӣ амалӣ ва татбиқ мегардад. Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд.

Падидаи муҳимми дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.

        

Муҳаммад Вализода,

раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор

 

Чун сухан сари истиқлолият ва давлатдорӣ меравад, бе ихтиёр ҳар касеро дар ин мавзуъ ҳам ифтихори ватандорӣ ва ҳам масъулияти ватандорӣ фаро мегирад. Зеро истиқлолият ва давлатдорӣ назди ҳар шаҳванд ҳарду мафҳуми болозикрро баробар дар як сатҳ қарор медиҳад. Бинобар ин, Истиқлолият барои ҳар як шаҳрванд азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Дар пайраҳаи таърих тоҷикон даҳҳо сулолаи давлатдориро сипарӣ карданд. Инчунин, аз дасти аҷнабиёну хоинон ҳазорсолаҳои дигар низ бедавлат монданд, ва ҳуввияту номуси ватандорӣ, нангу ори тоҷикона ва донишу заковатро аз даст надодан, ки дар ниҳоят таърих собит кард, ки баъди ҳазорҳо сол боз эҳё гардида, давлати миллии худро бунёд карданд. Ва ин истиқлолияти ҷоноҷон дар тақдири халқи куҳанбунёди мо таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд овард. Сарнавишти навин ва муосири даавлату миллат бо номи Истиқлолияти давлатӣ рақам зада мешавад ва ин истиқлол барои миллат ормонҳои ҳазорсолаҳо дар дили халқ бударо фароҳам овард. Ҳама чизро барои миллату давлат дар ихтиёр дод.

Аз шарофати Истиқлолияти давлатӣ идеологияи миллӣ дар асоси фарҳангу тамаддуни таърии ниёгон эҳё гардида, рушд карда истодааст. Дар ин замина эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию ватандории мардум бо диди нав маърифати истиқлолхоҳиву ватандӯстӣ мукаммал гардида, таҳким ёфтаистодааст. Ҳувияти милӣ ва арзишҳои волои таърихии куҳанбунёд ва мероси ниёкони тоҷик ҷаҳонӣ гардидаистодааст. Ба ёд биёрем аз осори Мавлонои Балх, мероси ёдгории таърихии “Саразм”, арзиши фарҳангии санъати “Чакан”, “Фалак”, мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” ва даҳҳои дигар, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ оламшумул гардиданд.

Истиқлолияти давлатӣ даст дод, ки стратегияҳои миллӣ барои даҳсолаву садсолаҳои минбаъд таҳия гарданд. Сиёсати хориҷии мамлакат ба тадриҷ рушд карда, равобити гуногунҷанда инкишоф ёфт. Ҷавонони мамлакат бо ифтихори миллӣ дар ҳар гушаи олам таҳсили илм доранд, варзишгарони кишвар парчами миллиро дар ақсои дунё парафшон кардаанд ва робитаи тиҷоратии соҳибкорони кишвар аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ба миллионҳо баробар шудааст. Самари Истиқлолияти давлатӣ аст, ки Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ гардидааст. Барои рафъ ва ҳалли масъалаҳои набзи ҷомеаи ҷаҳон аз Тоҷикистон дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсеаҳо пурсида мешавад. Шароити зиндагии шоиста барои ҳар фарди ватан фароҳам гардид. Дар заминаи мактабу маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисодиёт зиндагии сокинони кишвар боло рафт. Махсусан мехоҳам ёдовар шавам, ки яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ дар мамлакат мебошад. Қонунҳои миллӣ бо дар заминаи мероси гаронбаҳои ниёгон ва арзишҳои маънавию ахлоқии миллат қабул гардиданд.

 

Нодира Турсунова,

раиси КИИ ҲХДТ дар ЧСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”

 

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеъӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рушд карда, иқтисодиёти мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ба кор андохтани садҳо корхонаҳои саноатии хурду бузург ва бо кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар аз файзу нусрати даврони соҳибистиқлолист. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” имконият фароҳам овард, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ рӯ ба беҳбудӣ оранд.

Азимтарин корхонаи металлургияи рангаи ҷумҳурӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» низ ҳамчун корхонаи саноатии мамлакат дар зарфи 33-соли соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ноил гашта, афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолот ва ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар саҳми назаррас гузошт. Дар зарфи як соли охир зиёда аз 100 адад деги корхона зиёд шуда, ҳаҷми истеҳсолот 30% афзун гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”-ро рамзан «Шиносномаи саноатии Тоҷикистон” номидаанд, ки боиси ифтихори мо мебошад.

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузоранд.

Изҳори боварӣ менамоем, ки ҳизбиёни корхона барои амалишавии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми истеҳсолот минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд.

 

Сайдулло Абдулаҳадзода,

муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии НБО “Роғун”

Истиқлол ба мардуми мо пеш аз ҳама неъмати бузургтарини ҳаёт - озодиро эҳдо намуд. Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳони миллати моро шиносад. Истиқлол моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем. Аз ҳама муҳим истиқлол чашми мардумро боз кард ва дарвозаи ҷаҳон ва имкониятҳои бузургро барои миллат кушод.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар ҳама самту соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Имрӯз тоҷикони тамоми олам аз ин давлат ифтихори ватандорию давлатдорӣ мекунанд. Пеш аз ҳама мактаби давлатдории миллӣ дар тарҳи нав - мактаби сулҳофарӣ, мардумсолорӣ, хирадсолорию фазилатмандӣ рӯйи кор омад. Сиёсатмадори хирадсолору раҳнамои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мактаби давлатдориии навини истиқлол ва сулҳофариро оламгир кард, ки басифати таҷрибаи нодир барои омӯзиш тавсия гардидааст.

Дастоварди таърихии миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба сифати як иншооти бузурги созандагии аср эҳё гардида, ба ғояти миллию мактаби созандагӣ ва ватансозӣ табдил ёфт ва садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро зери як идеяи созанда ва муттаҳид кард. Ба истифода додани ду агрегати ин иншооти бузурги аср яке аз дастоварҳои бузурги мо дар замони соҳибистиқлолӣ аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати сарпарасти маънавии ин иншооти аср нақши созгор гузошта истодааст.

 

Ширин Қурбонова,

доктори илмҳои таърих,

муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

 Истиқлолият шароит фароҳам овард, ки мо ба ҳайси тоҷик дар кишвари хеш бобати рушди давлатдории миллӣ фаъол гардем ва дар паноҳи ташаббусоту иқдомоти ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат шуғли худогоҳӣ варзем.

Истиқлолият ба мо имкон дод, ки барои якпорчагии марзу бум ва муҳити осоишта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни ҳарос мубориз бошам, чунки ниёгони мо барои Меҳани хеш омода буданд ҷони хешро дареғ надоранд.

 Истиқлолият озодандеширо бароямон омӯхт! Зимни баррасӣ ҳеҷ гуна афкор, ки вижагиҳои бегонапарастӣ доранд, таъсир нахоҳанд кард.

 Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат вазифадор ҳастем дар густариши ҷаҳонбинии миллӣ талош намоем.

 Истиқлолият мустақил андешидан ва ихтиёран амал карданро бароямон омӯхт! Барои давлати соҳибихтиёр кадрҳои соҳибихтиёр заруранд.

 Истиқлолият моро ватандор кард! Минбаъд орзую ормонҳои мо дар Ватанамон татбиқ мешаванд

 Истиқлолият ба мо имкон дод, ки некро аз бад ва дӯстро аз душман фарқ кунем.

 Истиқлолият омили ҳастии мо аст! Бинобар ин, барои идомаи ҳастиямон бояд фидокор бошем!