БО ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН (ЁДРАСИ ДИГАРБОРАИ МЕВАҲОИ ХУШТАМЪИ ИСТИҚЛОЛ)

2024-09-06

Истиқлоли давлатӣ дар дарозои таърихи миллат беҳтарин неъмат, бузургтарин ҳадяи таърих ва волотарин давраи таърихсозию муттаҳидии тоҷикон маҳсуб меёбад. Имсол, аз раванди ин дастоварди азим ҳамагӣ сиву се сол сипарӣ мегардад, вале дар ин давраи кӯтоҳ миллати шарафманди мо бо роҳбарии фарзонафарзанди хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист душвортарин марҳалаҳои эҳёи нави миллию давлатиро паси сар намуда, барои ояндаи дурахшони наслҳои мо заминаи воқеӣ ва муътамад фароҳам оварад.

Дар ин марҳилаи тақдирсози миллӣ бо ташаббус ва талошҳои доимии Сарвари тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз тавонист дар харитаи ҷаҳон мавқеъи хоса ва манзалати таърихию фарҳангии худро, мисли ҳазор соли пеш, яъне мисоли давлатдории Сомониён, дигарбора эҳё сохта, дар қатори давлатҳои рӯ ба инкишофи олам ҷой гирад.

Даҳ соли аввали соҳибистиқлолии миллию давлатӣ бо кашмакашҳои дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарорсозии хароботи баъдиҷангӣ, нахустин зинаҳои равобити иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар, раҳоӣ ёфтан аз бунбастҳои коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва рафъи мушкилоти дигари дохилию хориҷӣ сипарӣ гардид. Ва ҳамагӣ дар давоми ду даҳсолаи охир кишвари мо бо ҷаҳду кушишҳои пайвастаи Сарвари давлат ба яке аз кишварҳои рӯ ба инкишофи сатҳи умумиолам табдил ёфт. Дар ин давраи муҳими давлатсозию давлатдорӣ панҷ ташаббуси муҳими Пешвои тоҷикон дар доираи яке аз волотарин унсурҳои ҳаёти инсоният - ҳифзу нигаҳдории об бо роҳандозии Созмони Милали Муттаҳид мақбули ҷаҳониён гардида, мавқеъ ва нуфӯзи тоҷикон ва Сарвари соҳибхиради онро дигарбора ба халқҳои олам нишон дод. Бунёди садҳову ҳазорон километр роҳҳои дохилию аҳамияти байналмилалидошта, нақбҳои азим, садҳо мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз, беморхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, инфрасохторҳои мувофиқ ба талаби замон, идораҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматии зебо, боғу гулгаштҳо, хиёбонҳо, истироҳатгоҳҳои зебою барҳаво, нерӯгоҳҳои азими барқӣ, пешрафти сифати таълими насли наврас, дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва ин амсол дигаргуниҳои куллии ба назар намоён аз қабили он падидаҳое мебошанд, ки ҳамагӣ дар муддати ду даҳсолаи охир кишвари моро ба қатори давлатҳои рӯ ба рушди сатҳи ҷаҳонӣ ворид намуда, ҳаёти мардумони ин сарзаминро нисбати даҳ - бист соли охир хеле ва хеле пешрафт намуданд. Фарзонагони миллат, хурду бузург борҳову борҳо васфу ситоиши истиқлолро кардаанд. Таъкидҳои бомуҳаббати Пешвои муаззами миллат дар бораи истиқлол ва дастоварҳои он беш аз ҳама, дар ҳар як баромади он кас бори маънӣ мекашанд. Бино ба таъкиду гуфтаҳои Роҳбари хирадманд: “...маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Ҷойи дигар Пешвои муаззами миллат ҳамчунин таъкид намуда мефармоянд: “Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад”.

Мавриди зикри хос аст, ки дар шароити печидаи ҷаҳони имрӯза чандин кишварҳову давлатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешаванд ва бо эҳтимоли зиёд онҳо дигар дар харитаи ҷаҳон ба ҳайси кишвару давлат ҷой ёфта натавонанд. Аз ин рӯ бузургон таъкид медоранд, ки парокандагӣ марҳилаи кутоҳ дораду эҳёву созандагӣ дурудароз аст. Бо ин назардошт, дар асоси таъкидҳои пайвастаи Роҳбари муаззами тоҷикон, дигарбора ҳушдор медиҳем, ки бузургтарин дастоварди замони истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар аст. Акнун вазифаи мо аст, ки Ватани муқаддасамонро ҳамарӯза, беш аз ҳар вақти дигар зебу оро бахшида, заминаҳои ояндаи банурро фароҳам оварем. Дар ин васила Сарвари давлат низ таъкид менамоянд, ки: “Айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем”.

Мавриди таъкид аст, ки бо шарофати истиқлол ва сулҳу суботи миллӣ ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, бунёдӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ин амсол комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Дар ин васила низ Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди тероризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем”.

Бо истифода аз вазъи гуворо, дар арафаи таҷлили солгарди навбатии ин санаи таърихиву хушоянди миллӣ боз ҳам бо меҳру ихлоси бутун ва сари баланд хоҳони онем, ки истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад!

Нурзод Розиқ Маҳмадсолеҳ – мудири бахши омор ва

Маҳзани ягонаи электронии

Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии

Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон