КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА НАМУДИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН”

2024-09-06

Санаи 6 сентябри соли равон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳилаи чоруми қисмати ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд, дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки дастаҳои ғолиби ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт, водии Ҳисор ва НБО “Роғун” дар майдончаи варзишии Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид.

Дар маросими кушодашавӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ, намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Ахмедҷонов Фурқат, директори Академияи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе Равшан Бахтӣ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода ва дигарон иштирок намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки мусобиқаи мазкур байни дастаҳои футболбозони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар арафаи 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, Федератсия футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, роҳандозӣ шудааст.

Маросими кушодашавии мусобиқа бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон бо сухани табрикотӣ иштирокчиёни чорабиниро табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла дар суханронии худ мавсуф қайд намуданд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси маҳбуби он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад.”

Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқаи мазкур ду рӯз давом ёфта, дар ҷамъбасти он аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба ғолибон Ҷоми  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад.