САРБАЛАНДИВУ ХУШБАХТИИ МО АЗ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН АСТ

2024-09-06

Бахшида ба ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ҳамоиши ҳизбиён таҳти унвони “Сарбаландиву хушбахтии мо аз Истиқлоли Ватан аст!” дар назди “Кохи Наврӯз” доир шуд.

Дар ҳамоиш Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, инчнуин раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, сокнинони ноҳия ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.

Сароғоз Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Истиқлоли ватан табрику муборакбод намуд. Мавсуф ёдовар шуд, ки Истиқлоли давлатӣ беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ, мавқеъгирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Месазад ёдовар шавем, ки дастоварди бузургтарин дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои пойдорӣ ва таҳкими истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафту тарраққиёти кишвари азизамон меҳнати софдилонаву созанда кунем, ватандӯсту хештаншинос бошем, бо шинохти масъулияти бештару беҳтар аз пештар бояд фаъолият намоем, донишу таҷрибаамонро такмил дода, наслҳои ояндасози миллатро тарбия намоем.

Ҳамзамон барномаи рангинӣ фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.