Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз аз фаъолияти ду солаи худ ҳисобот дод
2024-09-04
Дар толори мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз конференсияи 17 - юми ҳисоботӣ -
интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Дарвоз баргузор гардид.
Дар кори он аъзои
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз раиси
ноҳия Носирзода Умедҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбеков Садриддин, мудири шуъбаи омори Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Қазоқов
Собирҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар кори маҷлис,
вакилони маҷлиси
вакилони халқи ноҳия ва ҷамоат,
собиқадорон, аъзои фаъоли ҳизб, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва ВАО
ширкат варзиданд.
Дар конференсия масъалаҳои ҳисоботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз дар давраи
ҳисоботӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз оид ба
фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Дарвоз, интихоби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз, интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ мавриди баррасӣ
қарор дода шуданд.
Аз
рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Шарифов
Хаёл шунида шуд. Сафарализода Ёқуб раиси комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Дарвоз оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод. Ҳайати
нави аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз дар ҳайати 19 нафар интихоб гардиданд. Конфренсия
16 нафар вакилонро бо конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ интихоб намуд.
Зимни
суҳбат зикр гардид, ки дар солҳои сипаришуда ҳизби мо садоқаташро ба арзишҳои
умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит
намуда, то имрӯз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои
имконпазирро амалӣ гардонида истодааст. Ҳақиқатан, ҳадафи асосии ҳизби созандаю
бунёдкор расидан ба зиндагии шоистаи мардум мебошад. Кору маромаш ба коми халқ
буда ва ташаббусҳои созандааш низ баҳри халқ мебошад. Яъне ҲХДТ бо ҳама
пешрафти созандаю бунёдкорона тавонист дар дилу дидаи мардум ҷо шавад.
Фаъолияти
ду солаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз аз тарафи вакилон ва иштирокдорони
конференсия қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.
Дар
интиҳо фаъолон, собиқадорон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ
гардиданд.