Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
2024-09-04
Санаи 3 сентябри соли
2024 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода
мутобиқ ба нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ва қарори Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Турсунзода аз 22 майи соли 2024, №15 баргузор гардид.
Дар кори конференсия
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода
Солеҳа, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар иштирок
доштанд. Инчунин вакилон, кормандони масъул ва дигар аъзои Кумитаи иҷроияи
шаҳрии ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои комиссияи тафтишотӣ,
намояндагони васоити ахбори омма ва дигар даъватшудагон ҳузур доштанд.
Дар кори конференсияи
ҳисоботӣ - интихоботии ҳизбӣ масъала ҳисоботи фаъолияти
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода барои
давраи аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024, ҳисобот оид ба
фаъолияти комиссияи тафтишотии ташкилоти ҳизбии шаҳри Турсунзода барои давраи
ҳисоботӣ, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии
ташкилоти ҳизбии шаҳри Турсунзода, интихоби муҳаррири нашрияи маҳаллии ҳизбии
“Ҳидоят”, интихоби вакилон ба Анҷумани 15 - уми Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Конференсия дар арафае баргузор гардид, ки тамоми мардуми шарифи кишвар бо як
меҳру самимият ва садоқати беандоза ба Ватани азизу муқаддас ба таҷлили санаҳои
таърихӣ 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагӣ гирифта истодаанд.
Дар
рафти конференсия баъзе аъзои фаъол ҳизб бо сипосномаҳои КИМ ва КИ ҲХДТ дар
шаҳри Турсунзода қадрдонӣ карда шуд.
Конференсия бо қабули
қарор кори худро анҷом бахшид. КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода ва ҳайати нави корӣ
фаъолияти худро бо маром аз рӯи қарору барномаҳои пеш мебарад.