Сафи аъзо меафзояд
2024-09-04
Дар Хадамоти назорати
давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 4.2. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси
муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор
гардид.
Дар
кори маҷлис Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонзода Шамсиддин Қурбон - сардори
Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандон иштирок намуданд.
Нахуст,
Қурбонзода Шамсиддин Қурбон сухани ифтитоҳи намуда, вобаста ба фаъолияти
тақвияти фаъолияти таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассиса
андешаронӣ намуд.
Сипас
Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар
намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,
инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.
Инчунин гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба
хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли
2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон - баланд бардоштани
сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон
шудааст, саҳми босазо гузорад.
Тибқи
талаботи банди 4.2. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо
ҷонибдории аъзоёни ҳизб дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти
ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда “Солимии ҷомеа” номгузорӣ карда шуд.
Дар
идома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии
аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Солимии ҷомеа” Қурбонзода Шамсиддин
Қурбон ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Ҷаъфаров Наврӯз муовини раиси
ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.
Мувофиқи
баррасии рӯзномаи маҷлис кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию
эпидемологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо
гардиданд ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.