“ИСТИҚЛОЛИЯТ ОРМОНҲОИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК”
2024-09-03
Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар арафаи ҷашни 33 - юмин
солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлолият ормонҳои
ҳазорсолаи халқи тоҷик” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур
раиси ноҳияи Муъминобод
Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилзода Сайрамбону, роҳбарону мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ
ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони
ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии ноҳия ва дигар шахсони масъул
иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинии мазкур
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилзода
Сайрамбону иброз намуданд, ки аз ҳама
неъмати гаронбаҳо ва беназир, ки ҳар як халқу миллат орзуву ормони онро дорад ин Истиқлолияти
милли мебошад, ки 33сол
муқадам барои мардуми тоҷик ба вуқуъ омад, бадаст овардани Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки мардуми тоҷик солҳо орзуи онро
мекарданд.
Мо - мардуми тоҷик
ифтихор аз он мекунем, ки соҳиби давлату Ҳукумат, истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдат ҳастем.
Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз дар кишвари мо баҳри зиндагии осудаи мардум
тамоми шароити мусоид фароҳам оврда шудааст.
Ҳар як фарди ҷомеа
махсусан аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳамеша бо мардум аст бояд
баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу
ваҳдти ҳамешагӣ талош варзад ва нагузорад, ки нохалафе оромии ин сарзаминро
халалдор созад.
Дар идомаи чорабини
раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯчаи ҷавонон” Абдуллоев Умар ба сухан
баромада қайд карданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳмату
талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлоли давлатӣ дар
тамоми дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ шуда, аз
ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори масъалаҳои муҳими сатҳи
ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Дар фарҷоми чорабини
Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ -
раиси ноҳияи Муъминобод қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ҳамчун ҳизби пешоҳангӣ ҷамъият
дар сафҳои худ он қувваи бузургу созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад
дар раванди корҳои созандагию бунёдкорие, ки имрўз дар саросари кишвари
азизамон таҳти Роҳбарии
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён
доранд, саҳми муносиб дошта бошанд.
Дар фарҷом ба як қатор
фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар амалигардонии барномаҳои ҲХДТ саҳм
гузоштанд бо сипоснома ва ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ гардиданд.