МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАЙНИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ ОҒОЗ ГАРДИД

2024-09-03

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мусобиқаи шоҳмот ва шашка миёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, имрӯз 2 сентябри соли 2024 дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "Варзиш" мусобиқаи шоҳмот ва шашка бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур ва мудири шубаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Зайниддинов Азамат ва директори муассисаи давлатии мактаби варзишии рақами 2-и шаҳри Норак оғоз гардид.

Мусобиқаи мазкур бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Варзиш" муассисаи давлатии мактаби варзишии 2-и шаҳр ва дастаи ташкилоти ибтидоии "Дӯзанда", оғоз гардид.

Пеш аз оғози мусобиқа аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба дастовардҳои 33 соли истиқлолият, ватандӯстию ватанпарварӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ суханронӣ карда шуд.

Мусобиқаи мазкур аз 2 то 4 сентябри соли ҷорӣ, байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр идома дошта, ғолибони дастаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак қадрдонӣ карда мегарданд.