ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30 - СОЛИ НУСРАТҲО
2024-09-03
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали
давлатсозивӣ ҲХДТ ҳамчун ҳизби бориз ва созандаю ободкор нақши босазоеро дар
таърихи навин дорад. ҲХДТ аз умқи дили мардум реша гирифта, дар лаҳзаҳое рӯй
кор омад, ки Тоҷикистон дар
марҳилаҳои ҳассос ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Дар ин лаҳзаҳои вазнини
тақдирсозӣ миллат роҳбаре лозим
буд, ки мардуми сарсону парешонгаштаро бо ақидаҳои солим сарҷамъ намояд.
Худованд ба тақдири ин
миллат абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси
муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро ҳамчун Роҳбари давлат рӯй кор овард.
Ин абармарди дунёи
сиёсат тавонист дар атрофи ин ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ мардумро сарҷамъ
намояд. Аз он солҳо то ба имрӯз 30 - сол
сипарӣ гашт, ки ин марҳилаи бисёр мураккабу ҳассоси давлатсозию миллатсозиҳо
буд. Нотавонбинону ҳасудон ин пешравиҳою ободкориҳои давлатро дидан намехостанд
ва ба ҳар роҳу восита мехостанд нооромиро дар кишвар бедор созанд. Таҷрибаҳои ҳам талху ҳам ширини даврони
истиқлолият исботи онанд, ки маҳз сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, ки бевосита мақсаду маромаш дар амал татбиқ намудани чор ҳадафи
сратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ин роҳ садоқатмандона ба
вуқӯъ пайваст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ ин ҳадафҳои созанда аз тарафи
ҳар як аъзои ҳизб дар байни ҳамагуна табақаҳои қишрҳои ҷомеа таблиғоту ташвиқот
карда мешуд, ҳама ин заҳмату талошҳо бенатиҷа намонд. Дар як муддати кӯтоҳ
мардуми шарифи Тоҷикистон зери Роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ,
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу раъиятпарвар
муаррифӣ намояд. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва бахусус ҳар як
аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳаст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи
Тоҷикистон ҳамчун мактаби сулҳофар дар дунё омӯхта мешавад.
Тоҷикистон баъди ба
даст овардани истиқлолият роҳи давлатсозиро пеш гирифта, барои расидан ба ин
мақсад сараввал давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бунёд намуд.
Лозим
ба ёдоварист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати
начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози
таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта
истодааст ва дар тӯли 30 - соли ҳукмронии ҲХДТ дар саросари
кишварамон дигаргуниҳои бузурге ба амал омадааст, ки маҳз далели шиори ҳизб
мебошад. Яке аз дастоварди бузурги ҳизб ин мебошад, ки дар давоми ҳукумрониаш
шаш маротиба дар интихоботи Парламентӣ ва чор маротиба дар интихоботи
Президентӣ дастболо гаштааст. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як аъзову
ҷонибдорони ҳизб аст, ки ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи кишварамон натиҷаи амалӣ
гардидани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Зикр кардан ба маврид
аст, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз
Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати соҳибмаърифат, соҳибфарҳанг
ва ташаббускор мешиносанд. Нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
аз обрӯ ва маҳбубияти Роҳбари
хеш, Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон аст, ки инро коршиносони сиёсии дохиливу хориҷӣ борҳо таъкид
намудаанд ва ин воқеиятест, ки ҳар як сокини мамлакат онро хуб дарк менамоянд.
Санаи 10 декабри соли
2024 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 - сол
пур мешавад. Ҳизби мо дар асоси
сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбари маҳбубу муаззами хеш, Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар дорад ва рисолати мо ҳизбиён он аст, ки барои
расидан ба ҳадафҳои олии кишварамон ҳамеша бо халқ бошем ва ғояҳои асосии
давлатдориро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ намуда, вазифаи худро
сарбаландона иҷро намоем.
Ёсуман
Аҳмадова - сармутахассиси шуъбаи
таблиғот
ва иттилооти КИ ҲХДТ дар
вилояти Суғд