Истиқлолият ва таҳкими ҷойгоҳи занон дар ҷомеа

2024-08-30

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бахшида ба 33 солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни занону бонувони фаъоли ноҳияи Сино конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолият ва таҳкими ҷойгоҳи занон дар ҷомеа” доир гардид.

Дар конфренсияи мазкур Саидова Умеда - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Дустмуродзода Сурайё - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия, Муҷибахон Ҷавҳарӣ - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва иттилоот, Фазилатпочои Маҳмадюсуф - мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Казакова Умриниссо - раиси собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мардонзода Гулбаҳор - сардори шуъбаи ҳуқуқи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби занону бонувон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти конфренсия баромадкунандагон қайд намуданд, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати занон дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои мухталифи кишвар ҷойгоҳи хосси худро пайдо намуданд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар паёмҳои Пешвои миллат манзалати зан - модар баланд арзёбӣ гардида, беҳтар намудани савияи донишу маърифатнокии онҳо пайваста таъкид карда мешавад. Андешаҳои мазкур дар дар паёми Пешвои миллат дар соли 2022 таҷассуми барҷаста пайдо намудааст, ки гуфтаанд: «Мо ба нақши зан - модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Дар анҷом нафароне, ки дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми назаррас доранд бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино қадрдонӣ гардиданд.