Идомаи баргузории вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-08-30

Тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 13.08.2024, №74 ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, тақвияти бештари корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати расонидани моҳияти истиқлолу озодӣ ва дар ин замина боз ҳам таҳким бахшидани ифтихори ватандорӣ миёни аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бо иштироки намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Абдуев Меҳробназар, Ғуломов Неъматулло ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур - Бобозода Маҳтовбӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаи Чилмеҳроби ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур, баромадкунандагон роҷеъ ба моҳияти Истиқлоли давлатӣ, арзиши олӣ доштани Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо, дастоварҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии хеш, эҳё гардидани урфу одат, анъанаҳо ва рукнҳои хоси миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, бунёди давлати миллии тоҷикон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо, миллати тоҷик имкон дод, то забони давлатӣ, таъриху фарҳанги кӯҳан ва урфу одатҳои хоси миллии хешро эҳё бисозем ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ пос дорем.

Дар идома, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву озодагӣ ва бо як дилу нияти неку болидарӯҳӣ омодагӣ дидан баҳри истиқболи 33 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсияҳо дода шуд.