Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ қаноатбахш арзёбӣ гардид
2024-08-30
Дар таърихи 27 августи
соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ
Конференсияи 14-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ баргузор гардид.
Дар кори Конференсия
аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси ноҳияи
Ванҷ Мардзода Одинашо Миришаб, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин, муовини раиси Кумитаи
рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Зиёдулло иштирок ва
суханронӣ намуданд.
Инчунин дар кори
Конференсия мазкур вакилони маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони
Бадахшон, ноҳия ва Ҷамоатҳо, собиқадорон ва аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ширкат
доштанд.
Дар Конференсия 6
масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
1. Дар бораи ҳисоботи
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз моҳи
августи соли 2022 то моҳи июли соли 2024
2. Дар бораи ҳисоботӣ
комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
ноҳияи Ванҷ оид ба фаъолияти молявӣ дар давраи ҳисоботӣ
3. Оид ба интихоби
аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
4. Дар бораи интихоби
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
5. Оид ба интихоби
аъзои комиссияи тафтишоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Ванҷ
6. Интихоби вакилон ба
Конференсияи ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботӣ раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ Ҳимматзода Ато
Ҳиммат шунида шуд.
Неъматов Зиёрат раиси
комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ноҳияи
Ванҷ оид ба фаъолияти моляви дар давраи ҳисоботи ахборот дод.
Ҳайъати нави аъзои
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ дар ҳайати
37 нафар интихоб гардиданд.
Ҳимматзода Ато Ҳиммат
аз нав Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ
интихоб гардид.
Конференсия 16 нафар
вакилонро ба Конференсия ҳисоботӣ интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон интихоб намуд.
Фаъолияти дусолаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз тарафи вакилон ва иштирокчиёни Конференсия қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.