Таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар арафаи ҷашни миллӣ

2024-08-30

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази технологияҳои иттилоотии молиявӣ” тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Қурбонзода Убайдулло - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Бобоҷонов Алишер - роҳбари муассиса ва кормандон иштирок намуданд.

Нахуст, Бобоҷонов Алишер сухани ифтитоҳи намуда, вобаста ба тақвияти фаъолияти таблиғотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассиса андешаронӣ намуд.

Сипас Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Инчунин гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба хотири татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон - баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодї эълон шудааст, саҳми босазо гузорад.

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб дар Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази технологияҳои иттилоотии молиявӣ”, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда “Технологияҳои молиявӣ” номгузорӣ карда шуд.

Дар идома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Технологияҳои молиявӣ” Бобоҷонов Алишер ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Қувватов Аҳлиддин муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

Мувофиқи баррасии рӯзномаи маҷлис кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази технологияҳои иттилоотии молиявӣ”, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.