ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
2024-08-30
Муаррих
ва ховаршиноси номовар, академик Бобоҷон Ғафуров бинобар таълифи асари таҳқиқии
“Тоҷикон” дар замони Шуравӣ бархе аз вижагиҳои ҳуввияти миллиро тақвият
бахшида, дар ташаккули сатҳи худогоҳии тоҷикони муосир нақши бориз гузоштааст.
Ин китоб исбот намуд, ки тоҷикон бар хилофи ҳамсоягонашон ориёӣ ҳастанд ва
бинобар бостонӣ будан сокинони аслии минтақа ва Осиёи Марказй маҳсуб мешаванд.
Ин китоб ошкор намуд, ки забони тоҷикон тоҷикӣ буда, аз дер замон забони аҳли
илму фарҳанг баррасӣ мешудааст. Китоби “Тоҷикон” ба суолҳои “Мо чӣ касе
ҳастем?”, “Ниёкони мо кистанд ва дар куҷо мезистаанд?” ва садҳо суоли дигар, ки
инсон зимни густариши ҳувияти миллӣ бар худ медиҳад, посух буд ва омилҳои
тақвиятбахши он хоси худогоҳии миллӣ будаанд. Номбурда дар китоби мазкур мояи
ифтихор будани фарҳанги моро зери назар дошта, фармудааст: “Ин ҳақиқат, ки мо
дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест,
ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот кардани бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи
инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ
қарор гирифтаем”.
Ин
суханони Бобоҷон Ғафуров як навъ ҷавобе ба душманони миллати тоҷик буд, ки он
замон моро аз ҳаққи ифтихори гузаштаи пуршаънамон маҳрум кардани буданд. Соҳибихтиёрии
давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз
бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат бо қадру заковати худ онро дар амал
татбиқ менамояд. Барои давлатҳои муосири дунё соҳибихтиёрӣ ба тарзҳои гуногун
ба даст омадааст, ба баъзеҳо бо муборизаи тӯлонӣ, ба дигарҳо дар натиҷаи тағйир
ёфтани низоми муносибатҳои байналмиллалӣ ва ниҳоятан ба гуруҳи саввум дар
натиҷаи аз байн рафтани қудратҳои ҷаҳонӣ дастёб гардидааст.Манзурамон аз ин
суханон он аст, ки новобаста аз чӣ гуна ба даст омадани соҳибихтиёрӣ ва
Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муҳими худшиносии миллӣ дар таърих шинохта
шудааст.
Бояд
дар назар дошт, ки дар ҳама ҳолат дар маркази тадқиқоти аллома Бобоҷон Ғафуров
тахдили ҳаматарафаи тақдири таърихии халқи тоҷик қарор дошт. Вобаста ба
фарогирии даврагӣ, ин таърих хеле тӯлонӣ ва масоили ба он марбут теъдоди ниҳоят
зиёдеро дар бар мегирад. Дар доираи масъалаҳои ҳадафи таҳлил қарорёфта, тамоми
зинаҳои таърихи халқи тоҷик қарор дорад. Бобоҷон Ғафуров ҳаводису вазъи таърихии
аз замони сохти авлодӣ, давраи ҷомеаи бостонӣ, пайдоиш ва ташаккули ҳавзаҳои
давлатии аҷдодони тоҷикони қадим, зӯран ба ҳайати давлати Ҳахоманишҳо ҳамроҳ
кардани онҳо, тақдири ояндаи тоҷикон дар замони ҳукмронии сулолаҳои Юнону
Бохтар, Кушониён, Сосониён, давраи фоҷиабори истилои арабу зери итоати халифат
қарор доштан, давраи тақдирсози соҳибдавлатии замони Сомониён ва ҳазорсолаи
асорати силсиласулолаҳои кӯчии муғулу турктаборон, то арафаи эҳёи давлатдории
навин (инқилобу барқарор шудани сохтори Шӯравӣ)-ро бо ҷиддияту масъулиятшиносӣ
ҳадафи тахдили илмӣ ва ихтисосӣ қарор додааст.
Бобоҷон
Ғафуров дар “Тоҷикон” бар он пофишорӣ менамояд, ки раванди ташаккулёбии
халқияти тоҷик хеле пештар аз ворид шудани арабҳо ба Осиёи Миёна оғоз ёфта буд.
Ба ин маънӣ мефармояд: “Протсесси этникие, ки аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна
ҷараён дошт, боис гардид, ки Суғдиён, Хоразмиён, Фарғониён, Тахориён барин
халқиятҳои гуногуни алоҳида пайдо шуданд. Ҳар як аз ин халқият соҳиби маданияти
худ буд. Вале чунин иддао ҳам ғалат мебуд, ки маданияти ин халқҳо ҳар яке
тамоман мустақилу махсус буду ба ҳамдигар муносибате надошт, дар айни ҳол
онҳоро дар худ маданияти калоне, ки хоси тамоми Осиёи Миёна буд, қисмеро
таҷассум менамуд... Ҳудуди байни ҳалқиятҳо як чизи рахнагинопазири мустаҳками
касногузар набуд, балки протсесси аз як халқият ба халқияти дигар гузаштани
унсурҳои гуногун вуҷуд дошт”. Академик Ғафуров дар “Тоҷикон” ба паҳлуҳои
гуногуни масъалаи ташаккули этникии тоҷикон ва забони он таваққуф намуда, ба
натиҷае мерасад, ки дар асрҳои IХ-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими
этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайати давлати Тоҳириён,
Саффориён ва алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат
миёнаҳои асрҳои 1Х-Х ва ё худ дар нимаи аввали асри XI соҳиби ном шуд. Б.
Ғафуров чунин ишораи Байҳақи (муаррихи давраи Ғазнавиён) -ро ки солҳои
1043-1044 аз муқаррабони султон шунидааст, хеле хуб мисол мезананд. Ҷумлаҳои
“Мо, ки тоҷик ҳастем” ва ривояти дигари ҳамон муаллиф (Байҳақӣ)-ро, “ки дар
муҳорибаи Дандонакон (1040) ҳиндиву арабу курдҳо фирор кардаанд ва танҳо
сарбозони тоҷик ҷангидаанд” асос карда, устод Бобоҷон Ғафуров ба хулосае
мерасад, ки “дар нимаи аввали асри XI истилоҳи “Тоҷик” номи он халқе гардид, ки
дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт”.
Ҷиҳати
баррасӣ ва пажӯҳиши истилоҳи “тоҷик” донишмандони зиёде рисолаҳо нигоштаанд, ки
маъруфтарини онҳо монографии В.В. Бартолд “Таджики” ва “Тоҷикон” - и Қаҳрамони
Тоҷикистон Садруддин Айнӣ маҳсуб мешаванд. Аммо “ТОҶИКОН” дар таълифи академик
Бобоҷон Ғафуров бештар вижагиҳои ташаккули ҳувияти миллиро дар таърих инъикос
мекунад. Бинобар ин, нашри китоб душманони тоҷикро то андозае барошуфта кард ва
дар ниҳоди онҳо вахдюниятро такмл дод. Ин буд, ки дар кишварҳои ҳамсоя китоби
Ғафуровро аз дуконҳо гирифта, онро месӯзониданд, чунон ки ғосибони таърихй
китоби “Авесто” - ро сӯзонида буданд. Ба наздикӣ дар даст китобе таҳти унвони
“ТАҲЛИЛИ ЗАБОНИ ВА ТАЪРИХИИ ВОЖАИ ТОҶИК” бар мабнои осори кашфшуда афтид, ки
соли 2022 интишор шуда, ба қалами устоди Институти Осиёи Ҷанубӣ дар Донишгохд
Ҳайделберги Олмон Ғулом
Ҷелонии
Доварӣ мансуб мебошад. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки рисолаи мазкур таҳқиқоти
густурда роҷеъ ба муҳтавои сангнабиштаи бохтарӣ аст, ки соли 1996 дар Яковланги
Бомиёни Афғонистон кашф шудааст. Илова бар ин, мусаннифи рисола бо истифода аз
бозёфтҳои навини бостоншиносӣ ва таърихӣ собит кардааст, ки вожаҳои “тожик”,
“тоҷик” ва “забони тожикӣ” ҳанӯз дар даврони пеш аз зуҳури ислом вуҷуд
доштаанд.
Хулоса,
танҳо баъди нашру пахши шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” таҳқиқотҳои
дигари мукаммалу бунёдӣ, аз ҷумла китоби шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” рӯйи
кор омаданд. Муҳимтар аз ҳама, муаррихони варзида бар ин назаранд, ки дар ҳама
ҳолат, агар аз баъзе ҷузъиёти таърихӣ, аз ҷумла ҳаводиси то кунун номаълум, ки
дар асоси маъхазҳои нав дастраси муҳаққиқон мегардад, ё баъзе тағйироти фикрӣ
дар робита бо масоили таърихӣ сарфи назар кунем, дастовардҳои кунунӣ ва оянда
танҳо тақвиятбахши дидгоҳи боэътимоди илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар самти
омӯзиши таърихи минтақа буда метавонанд. Донишмандону муҳаққиқони минтақавӣ ва
ҷаҳонӣ нашри китоберо бо муҳтавиёти фарогири миллӣ ва фаромиллӣ амри зарурӣ
донистаанд.
Ширин
Қурбонова,
доктори
илмҳои таърих, муовини
раиси
КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ