КОНСТИТУТСИЯ РУШДИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ МИЛЛАТ АСТ
2024-08-28
“Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи
эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми
кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия ҷавҳари низоми ҳуқуқии давлат
Илми
падидашиносӣ (феноменология) асли омўзиши ҳар ҳодиса ва падидаро дар заминаи
вуҷуди сифатҳои зотӣ ва аслии он масъалагузорӣ намуда, шинохт ва дарки дурусти
падида ва ҳодисаҳоро таҳти категорияҳои ҷавҳар ва араз, мазмун ва шакл дар илм
баррасӣ менамояд. Аз ин дидгоҳ, ҳар падидаи омўхташаванда ва ҳар падидаи
вуҷуддошта дар асли вуҷуди худ, аломатҳои аслӣ, меҳвариро ба сони хатти
марказию бунёдие доро аст, ки онҳо дар паҳнои вазифаҳо, таъинот ва ҳадафҳои
вуҷуду эътирофашон маъмулан дар ботини ашё ва падидаҳо пайдо мешаванд ва
вобаста ба талаботҳои дигари зоҳирӣ ва ботинӣ шаклҳои муайянро касб менамоянд,
вале дар ҳама сурат ҳамчун қисмати таркибии падида бо вазифаҳои муайян боқӣ
мемонанд. Ин сифатҳои зотии падидаҳоро, ки дар маҷмуъ, ягонагии қисмҳои
таркибии падидаро таъмин менамояд, маъмулан дар илм ҷавҳар меноманд.
Ҷавҳар
муайянкунандаи табиати ҳастии падида буда, дар маҷмуъ, мустақилияти худро дар
вуҷуди ҳодиса эълом дошта, ҳама дигар қисмҳои ҳодисаи томро бо роҳу воситаҳои
гуногун муттаҳид менамояд.
Давлатҳои
замони нав, ки бо инқилобҳои буржуазӣ, ҳаракатҳои озодихоҳӣ аз мустамликаҳо ва
равандҳои дигари ҳодисаҳои бузурги таърихӣ (тимсоли пошхўрии салтанатҳо ва
ғайра) рў ба мустақилият овардаанд, аслан аз давлатҳои қаблӣ, ки дар дигар
форматсияҳои ҷамъиятӣ (дидгоҳи марксизм) вуҷуд доштанд, бо чанд аломатҳои хос
фарқ менамоянд.
Яке аз
аломатҳои муҳимми тафовутдиҳандаи онҳо агар вуҷуди ҳизбҳои сиёсӣ бошад, дигараш
маҳз ҳамин вуҷуди меъёрҳои конститутсионӣ дар шакли санадҳои навишташуда ва ё
нонавишта маҳсуб мегардад. Яъне, Конститутсия ҳамчун сифати зотии давлатҳои
нав, ҷавҳари низоми нави сиёсӣ ва фарзанди давлатҳои нави сармоядорию миллист,
ки дар худ бори амонати руҳи низоми ҳуқуқии давлат ва ҷавҳари саодати миллатро
гирифтааст.
Конститутсия аз дигар ҳуҷҷатҳои меҳварии давлатӣ тафовут
дорад
Дуруст
аст, ки дар дигар марҳалаҳои таърихӣ низ дар таҷрибаи кишварҳои ҷудогона як
қатор қонунҳою қарорҳои хосияти универсалӣ ва меҳваридошта ба мисли конститутсияҳои
муосир будаанд. Мисол, қонунҳои “Ҳаммурапи” дар Бобулистон, “Ману” дар Ҳинди
бостон, “Эъломияи Куруши Кабир” дар аҳди Ҳахоманишҳо, Ислоҳоти Солон ва Клисфен
дар Юнони Қадим, “Мотикони ҳазор дадистон” дар аҳди Сосониён, “Саҳифат-ул
Мадинаи 622” дар фарҳанги исломӣ, “Насиҳатномаи Тоҳир” дар аҳди Тоҳириён,
“Ясои”-и Чингизхон, “Тузуки Темурӣ” (Воқеоти Темурӣ) дар аҳди Темуриён ва ғайра
аз зумраи онҳост ва гузашта аз он, худи истилоҳи Конститутсия низ то қабули
нахустин конститутсияҳои давлатҳои буржуазӣ дар Рими қадим ҳамчун истилоҳи
лотинии ҳуқуқӣ “constitution” - “сохтормуқарраркунӣ” маъмул буд, ки қабули он
бар ваколати императорони Рим дохил буд. Вале мо бо чанд аломатҳои
тафовутдоштаашон наметавонем, ки онҳоро баробарвазни конститутсияҳои давлатҳои муосир
эътироф намоем.
Асоситарин
ва муҳимтарин омили нашинохтани онҳо ба сифати Конститутсияи он давлатҳо на дар
номи онҳо, балки дар таъинот, ҳадафҳо, доираи танзим, рисолати таърихӣ, усули
эътироф ва қабули ин ҳуҷҷатҳост.
Аз ин
дидгоҳ, конститутсияҳои замони нав ҳамчун як қарордоди сиёсии халқ бо қудрат,
як эъломияи иродаи халқ дар роҳи ташкили иттиҳоди сиёсӣ, як майдони маънавию
ҳуқуқии ҷойгузинии арзишҳо ва умедҳои умумии мардум аст, ки дар он мақом ва
манзалати шаҳрвандон ва инсон мушаххасан дар кори ташкили идораи давлат, муайян
намудани шоҳроҳи давлатдорӣ, асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои
табиию сиёсиашон аниқ муқаррар шудааст.
Конститутсия - зербинои давлатдории муосир
Конститутсияҳои
давлатҳои муосир вобаста аз шароити қабулу эътирофашон таҳти таъсири авомили
мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар муносибат бо
қудрат ва ҳуқуқу озодиҳо, албатта, вижагӣ ва аломатҳои хоси худро доранд. Аммо
дар ҳама сурат онҳо нақши марказиро дар низоми қонунгузорӣ ишғол менамоянд.
Агар низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ба сони падида ва объекти омўзиш қарор диҳем,
пас Конститутсия дар он аз як сў нақши ҷавҳарро иҷро менамояд, агар онро ба
мисли бино қабул намоем, пас Конститутсия зербино ва сохти чаҳорчўбаи онро
ташкил медиҳад ва агар ба мисли организми зинда инсон тасаввур намоем, дар
ҳолати биологиаш қалб асту дар ҳолати иҷтимоияш-хирад. Равшан аст, ки
Конститутсия ва меъёрҳои конститутсионӣ асос ва омили ҳастии давлат ва зербинои
низоми ҳуқуқии кишвар дар замои муосир аст.
Конститутсияи
муттаҳидкунанда танҳо фазои ҳуқуқӣ набуда, балки муттаҳидкунандаи фазои сиёсии
кишвар низ ҳаст. Вай на танҳо майдони васеи сиёсиро барои аҳзоби сиёсӣ ҷиҳати
дарёфт намудани қудрати сиёсӣ ва ҷилои гуногунандешӣ бо мақсади дарёфти
арзишҳои беҳтару хубтар фароҳам меорад, инчунин, барои муттаҳид намудани
неруҳои сиёсӣ фазои муайяни ҳуқуқӣ бо ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва сиёсӣ тарҳрезӣ
карда, неруҳои сиёсиро ба ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ водор менамояд.
Ба
ҳизби сиёсии роҳбар, ки имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ҳамчун
ҳизби ҳоким афзалияту бартариҳо дода, фаъолияти онро дар доираи талаботи
Конститутсия ва қонунҳо ба танзим медарорад ва имрўз мо мебинем, ки ҲХДТ ҳамроҳ
бо Конститутсияи мо 30-юмин солгарди худро дар шоҳроҳи давлатсозӣ бо
ташаббусҳои бесобиқаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами ҳизб дар
доираи меъёрҳои конститутсионӣ роҳандозӣ менамоянд.
Конститутсия - руҳи озодии халқ ва инъикоси соҳибихтиёрии
миллат
Маънӣ,
мазмун, табиат ва вазъияти низом ва фазои ҳуқуқии давлати мо дар кулли ҳолатҳо
аз ҳамин ҷавҳар, ки онро шартан Конститутсия ном ниҳодем, сахт вобастагӣ дорад.
Дар муносибати халқ ба ҳамин арзиши қутбнамо ва аз амалӣ шудану татбиқи
меъёрҳои он сатҳ ва сифати оромӣ ва рушди ҷомеаи мо пайвастагии азим дорад.
Дар
шинохти падидаҳои мураккаби иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо зиндагии инсон сару кор
доранд, ҷиҳати фаҳми комил ва васеи нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иддае аз
муҳаққиқин бар ивази ҷавҳар усулан руҳро низ ба сифати арзиш ва таъсири муҳимми
зиёд бо организми зинда доштанашон истифода менамоянд. Аслан руҳ нисбат ба
ҷавҳар хусусият ва вижагии худро дар мисоли фазои ҳуқуқӣ доштанаш имконпазир
аст. Зеро, фазои ҳуқуқӣ худ инъикосгари муносибатҳои иҷтимоӣ аст. Муносибатҳои
иҷтимоӣ дар радифи арзишҳо, ки ба саодати моддию маънавии инсон созгор аст,
ташаккул меёбанд. Аз ин хотир, саодати маънавии инсон дар мувофиқ омодани
талаботи ботинӣ ва руҳии инсон бо меъёрҳои навишта ва эътирофкардааш мансуб
аст. Ҳар вақте ки чунин ҳамоҳангӣ рух дод, низоми ҳуқуқӣ инъикоскунандаи орзуву
омол ва хостаҳои қалбии ҷомеа мегардад ва саодати инсон дар зиндагӣ таъмин
мешавад.
Дар
ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавҳар ва маҳаки муайянкунандаи ҳамин ҳамоҳангии саодати халқ
дар таносуби фазои ҳуқуқӣ бо сиёсати давлатӣ ҳамин Конститутсия аст. Маҳз аз
ҳамин ҷиҳат Конститутсия дар давлати демократӣ ифодагари руҳи озодӣ ва низоми
ҳуқуқии давлат, маҳаки саодати миллат ва инъикоси соҳибихтиёрӣ аст.
Раъйпурсии озоди
6-уми ноябри соли 1994 ва солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо ифодаи озоди иродаи халқ
бо таҷассуми мазмуни арзишҳои башарии Конститутсия ифодагари ин руҳияи озодии
миллат аст.
Эҳтирому эътирофи Конститутсия эҳтироми оромии руҳияи
ҷомеа аст
Ҳар
вақте ки меъёрҳои навишташуда ифодагари роҳати руҳии инсон мегардад, вай
бардорандаи бори амонати руҳи ҷомеаро бар дўш мегирад. Мо одатан дар илми
оламшиносӣ руҳро бештар мансуби ҳодисаҳои зинда ва органикӣ медонем, вале дар
асл чунин истифодаи шартӣ дар падидаҳои мураккаби иҷтимоӣ, мисли “давлат”,
“қонун”, “ислом” аз ҷониби бузургон ба умқи ҳодисаҳои абстрактӣ ғутта зада,
мавриди истифода қарор гирифтааст.
Асарҳои
бузурги олимон роҷеъ ба “Руҳи давлат”, “Руҳи қонун” (Ш.Л. Монтескё) “Руҳи
замон” ва “Руҳи ислом” (А.А. Таббора), ки чун ҷавҳари ҳодисаҳои абстрактии иҷтимоӣ
баромад мекунанд, дар илм таҷриба шудааст. Ин ҳодисаи қиёсшаванда дар асл як
шабоҳати одӣ нест, балки васлияти устувори мантиқӣ ва семантикии илмиест, ки
дар раванди ташаккули инсон ва ҷомеаҳои нав ҳамчун зарурати маънавӣ ҷиддӣ эҳсос
мегардад. Чунки саодати моддӣ ба танҳоӣ ба роҳати руҳии инсон ва ташаккули
маънавии он мусоидат намекунад. Инсон ҳолати хирад ва руҳии худро ҳамчун асос
ва ченаки зиндагӣ ба шакли меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ворид намуда, аксар вақт
фаромўш мекунад, ки мантиқи саодати зиндагии вай дар қонуни одии шинохт,
эҳтиром ва эътирофи ҳамин меъёрҳои эълонкардаи ў нуҳуфта шудааст. Ин меъёрҳоро
ихчам ва муттаҳида Конститутсияи халқӣ эълон кардааст.
Агар
қавли Г.Гегелро дар масъалаи он ки “қонун ифодаи хиради мардум аст” ба инобат
гирем, пас, ин хирад дар асл аз руҳи инсонӣ ҷудо буда наметавонад. Пас, саодату
оромӣ ва ҳолати мусоиди рушди руҳии мо итоат кардан ба ҳамин маҳсули хирад аст
ва ё назари табиии ҳуқуқфаҳмиро дар масъалаи ҳуқуқи инсон, ки “ҳуқуқи инсон
ифодаи ҳастии ҳолату талаботи саодатманди инсон ва ҷузъи ҷудонашавнадаи ўст” ба
инобат гирем, мо дар партави ҳуқуқ вуҷуди ғояи руҳро инкор карда наметавонем.
Зеро, номувофиқатӣ бо ҳуқуқ дар асл ба номувофиқатӣ бар руҳ табдил мегардад,
мушаввашӣ аз ҳолати нобоби ҳуқуқӣ бар мушаввашии руҳӣ сабаб мешавад.
Ҳамин
тавр, ҳолати номуайяни равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, ки атрофи
манфиату талаботи инсон сару кор мегиранд, дар раванди дарёфти вазъи муътадили
рушди талаботи руҳонӣ ва саодати иҷтимоии инсон, мусаввараи ин ҳолатро, ҷилои
ҳодисаҳои иҷтимоиро дар кадом як нуктаи муносиби созишу ҳимояи манфиатҳои
инсон, ки ба оромии рушди маънавӣ ва руҳии инсон ҳамоҳанг аст, ҳамчун руҳи
муътадали ҳодисаю равандҳо ба худ касб менамоянд.
Анъанаи эътирофи руҳшиносии меъёрӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ
Шинохти
падидаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба сони ҳодисаи органикӣ ва руҳдор дар рўзгори илмӣ
таҷрибаи муваффақ дорад. Ҳанўз дар асри XVIII олими бузургу тавонои фаронсавӣ
Шарл Луи Монтескё дар ҷустуҷўи нуқтаи адл ва инсофи қонун то ба сарҳади ҷавҳари
зуҳуроте расид, ки онро «руҳи қонун» номид. Аз он қаблтар дар муқоисаи
ҳодисаҳои иҷтимоии олам бо ходисаҳои органикӣ ифтихори мо, тоҷикон - Абуалӣ
ибни Сино дар заминаи фаъолияти узвҳои инсонӣ ғояи ибтидоии тақсими
ҳокимиятро кор карда баромад. Агарчанде дидгоҳи Сино ба масъалаи қиёси вазъи
узвҳои инсонӣ бо мақомоти давлатӣ равиши ғояи органикии давлатро дошта бошад
ҳам, дар васати ҳамин масъалагузорӣ мо зуҳури истифодаи падидаҳои органикиро
дар қиёс бо падидаҳои абстрактии ҳосили мафкураи инсонӣ эҳсос менамоем.
Аз ин
дидгоҳ муҳаққиқони талабгори дарёфти ҳолати муътадили рушди руҳу равонӣ ва
саодати инсон, дар сохтор ва таркиби шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ҳолати мувозонаи
рушди мафкураро мутобиқ ба табиати аслии саодати инсон пайдо менамоянд. Маҳз
дар ҳамин ҳолатҳо таҳқиқотҳое дар партави истилоҳоти “руҳи фалсафа”, “руҳи
ислом”, “руҳи ҳуқуқ”, “руҳи зиндагӣ” ва ғайра рўйи кор меоянд. Ин ҳолат ва усул
танҳо хоси омўзиши падидаҳои мусбат набуда, дар кашфи асрор ва ҷавҳари
ҳодисаҳои манфӣ низ ҳамчун падидаи том бо маънои манфӣ зуҳур мекунад. Барои
мисол; “руҳи ҷиноят”, “руҳи ҷанг”, “руҳи анархия”, “руҳияи нигилизм» ва ғайра.
Конститутсия - ифодагари руҳияи неруи некӣ
Дар
охирӣ, албатта, такя ба саодати инсон не, балки бар неруи вайронкунанда ва
ғолибовари он дода мешавад. Шояд ин навъ тавсифнамоӣ манбаи ибтидоии асотирӣ дошта,
реша бар генетикаи насли даврони одамони ибтидоӣ ва нахустдинҳои олам дорад, ки
тафаккури инсонро дар тарозуи неруҳои некию бадӣ чун аҳуроию аҳриманӣ вогузор
крадааст. Аниқ намедонем. Вале яқин он аст, ки мазмуни ҳамин муборизаи неруи
некӣ бар бадӣ ҳанўз ҳам аз рўзномаи ахлоқу ҳуқуқ дур нашуда, адолати иҷтимоӣ
дар бештари марвидҳо дар камингоҳи ҳамин ғалабаи некӣ қарор дорад. Ҳатто адли
ҷиноӣ ва адолати судӣ бо низоми сазои ҷиноят ба ҳамин адолатбаробаркунии
ибтидоӣ такя менамояд. Агар чунин нест, низоми ҳуқуқии давлатҳои пешрафтаи олам
ҳанўз ҳам аз рўйи принсипи қасосгирии хунӣ бо кадом мақсад ҳукми маргарзонӣ -
қатлро то ҳанўз нигоҳ доштаанд. Яъне, бо вуҷуди дигаргуниҳои зиёди тамаддунӣ
замони нав асрори адлҷўйии ҳуқуқро ҳанўз бо аслҳои ибтидоӣ дар камин дорад
Вобаста
аз мазмуни дидгоҳ ва истифодаи руҳ ҳамчун неруи зинда дар замону макон бо
талаботи шаъйӣ имкон дорад дар ҳолатҳои мухталиф фаҳмиш ва баҳогузории ҳодисоти
таҳлилшаванда бо ҷанбаҳои манфӣ шинохта шавад, руҳия ба саодат не, ба омилҳои
дигари асоснокшавандаи манфӣ қомат афрозад. Мисол, дар назарияи зўроварии
пайдоши давлат маҳак ва руҳияи ҳастии давлатро ғояи Т.Гоббс ва Каутский: “ҷанги
ҳама бар зидди ҳама”, дар дидгоҳи марксистӣ “моликияти хусусӣ, нобаробарӣ ва
муборизаи синфӣ” ва амсоли инҳо ташкил медиҳад. Идомаи ин силсилаи тавлиди
фарзандони солеҳ дар ҳолати фишори заруриятҳо оқибатҳои нобаробарро барои адли
инсонӣ доро аст.
Ҳатто
инсоне, ки аз табиат ба сифати ҷузъи он бо ғояи дарвинӣ ҷудо мегардад, дар
зинаи муайян тавассути ақли аз беақлӣ тавлидшуда ба корҳои бад ва зўроварию
ғайриақлонӣ даст зада, худро ҳамчун ҷузъи табиат фаромўш карда, даст ба ғорату
тороҷи он мезанад.
Маҳз
дар ҳамин нукта Конститутсия ҳамчун руҳи неруи мусбати ҷомеа ва давлат ба
муқобили ин бедодгарии ақли инсонӣ бояд ба мисли низом бо волоияти
конститутсионӣ ва ахлоқӣ истодагарӣ намояд. Ҳарчанд ки дар ин мубориза манфиат,
ғараз ва фоидаҳои ҳангуфи молӣ ва гурўҳӣ дар ҷанбаи руҳияи манфии ҷомеа қарор
гирифта, ба ташкили муноқишаю нооромиҳо хизмат мекунад, нақши Конститутсия бо
принсипҳои адлгустариаш дар ин майдон боз қимматтар мегардад.
Бояд
эътироф кард, ки ҷомеаи инсонӣ аз назари ахлоқӣ то ҷойе маҳсули муборизаи неруи
некӣ ва бадӣ аст. Силсилаи таълимоти асотир, динҳо, шаклҳои ҳамзистии тодавлатӣ
ва давлатҳо то ҳадди муайяни фаҳму дарки ҳодисот ба принсипу арзишҳои бунёдии
ҳамин ду неру такя задаанд. Нуктаи ниҳоии рушди неруи некӣ ва таҷассуми он дар
шаклҳои меъёрӣ дар замони муосир Конститутсияи халқу миллатҳост. Аз ин хотир,
дар кори мубориза бо неруи бад ва рафторҳои зишти ҷомеаҳо эҳтиром, риоя ва
пуштибонӣ аз меъёрҳои Конститутсия воситаи муассири ғалабаи некӣ ва некукирдорӣ
буда, ба саодати асли халқу миллатҳо созгор аст.
Маҳз
аз эҳтирому риояи меъёрҳои Конститутсия назму тартиб ва саодату оромии халқу
миллатҳо сахт вобастааст.
Таҷрибаи
давлатдории тоҷикон бори дигар собит сохт, ки аз муносибат бо Конститутсия
назму тартиб ва устувории ваҳдати ҷомеа сахт вобастааст.
Пешвои
муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан дуруст таъкид кардаанд, ки
“Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа
ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким
бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як
шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Неруҳои бадӣ даъвии ҳимоя аз қонун менамоянд
Бомбаи
атомӣ, ҷангҳои ҷаҳонӣ, истифодаи манфии неруҳои ақлонӣ, инқилоби иттилоотӣ,
рақамӣ, инқилоби биотехнологӣ, фазои маҷозии фитнаафкан ва оянда ақли сунъӣ ҳар
яке аз офарандаҳои ин тоҷи сари махлуқот аст, ки ба сари ў бо каҷравиҳои
девиантии ақлӣ, эътиқодӣ, илмӣ ва нафсонӣ мушкилиҳо меоварад.
Дар
баробари ин, аз дигар самт талаботи нафси шаҳвонӣ, ҳамҷинсгароӣ, интсест,
никоҳи маҳорим ва ғайра бо ливои озодиҳо дарвозаи ҷомеаҳои озодро куфта, дар
ҳарими ҳарами озодиҳои конститутсионӣ ҷо талаб менамоянд. Агар мо руҳи инсониро
ҳамчун неруи мусбати ақлонӣ зери назорати хираду ахлоқ ва эътиқоди солим қарор
надиҳем ва инъикосгари руҳияи саодати ў Конститутсияро аз ин ҳуҷумҳо ва шоибаҳо
ҳимоя накунем, эҳтимол кори давлатсозии инсони муосир ба мушкилиҳои таърихӣ
печида хоҳад шуд. Онҳо, яъне, амалҳои зишт бо ҳамроҳии терроризм, экстремизм,
наркотрафик ва ғайра ҳамчун фарзандони ақли инсонӣ ва илми башарӣ даъвӣ ба
ҳимояи қонунӣ менамоянд.
Ҳамин
тавр, истифодаи асли истилоҳи руҳ, ки мо дар ҳолати мусбат оварданием, имкон
дорад дар илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҷанбаи субъективӣ дошта бошад, зеро он ба сифати
нахустҷавҳари ғизои мафкуравӣ аз қадим ҳам дар Аҳуро ва ҳам дар Аҳриман, ҳам
дар Зевс ва ҳам дар Аид будааст. Ин дар ҳолатест, ки вай дар ҳодисаҳои биологӣ
устувортар ва қавитар ба сонӣ ҳодисаи ҳастии моддии диданашаванда бо неруҳои
“билқувва” ва “билфеъл” (А. Сино) эҳсос мешавад.
Аз
назари динӣ, руҳ мансуби чизҳои зинда буда, вале аз шарти мутлақи он нест.
Зеро, ба қавли иҷмоъи аҳли суннат ва ҷамоат баъзе вуҷуди онро ба ҳайвонҳо ҷойиз
донистаанд ва баъзе не. Вале Конститутсияро мо ба сифати неруи азими хиради
ҷомеа ва руҳи созандаи миллати соҳибдавлат алайҳи ин ҳама каҷрафториҳо дониста,
неру ва механизмҳои татбиқи онро адами зуҳури бадиҳо дар ҷомеа мешиносем. Зеро,
ҳам бадӣ ва ҳам некӣ, ҳам қонуният ва ҳам беқонунӣ, ҳам рафтори шоиста ва ҳам
ношоиста ҳамагӣ аз мафкура ва руҳияи ташаккули инсон сурат мегиранд.
Аз ин
хотир, амалкардҳои неку бад ҳамроҳ бо нияту мақсад, натиҷаи амалкардашон ва
рисолаташон миёни мардум руҳияи неку бадро тавлид месозанд. Ҷойе, ки неруи некӣ
ба созандагию ободкорӣ миёни ҳама бедодгарӣ ва зулму маҳдудиятҳо мубориза
мебарад ва ғалаба мекунад, вай барои наслҳои замону ояндааш мисли як руҳияи
созанда ва нерудиҳанда хизмат мекунад.
Муҳим
он нест, ки ин симмат аз ин амалкардҳо расонаӣ шавад, муҳим он аст, ки неруи
вай дар дарку фаҳми мардум ва қалби одамон ҷойгир мегардад ва одамон донистаю
надониста мақсадноку бидуни он аз рўйи таҷриба собитшуда ба он арҷ мегузоранд
ва неруи онро эҳтиром дошта, ҳамчун асоси назму тартиб эътироф мекунанд.
Намунаи
ин мисол шуда метавонад корнамоии Пешвои миллати мо дар роҳи давлатсозӣ ва
расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ. Аз ин хотир, симои ин шахсият ва ҳастии вай
барои мо ҳамчун рамзи пойдорию вуҷуди давлати миллиамон сахт эҳсос
мегардад. Новобаста аз он ки сухан дар бораи як шахс меравад, вале корнамоии ў
рамз аст, зеро вай руҳияи созандагӣ ва устувории давлату вуҷуди ваҳдати миллати
моро дар шароити мушкил намуна арзёбӣ кардааст ва барои он муборизаи амиқ
бурда, нишон додааст, ки мо, тоҷикон метавонем, ки дар ваҳдат зиндагӣ кунем,
давлати соҳибистиқлол дошта бошем ва сухани худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун
миллат гуфта бошем.
Бинобар
ин, номи ў ва шоҳроҳи бунёдкардааш бо модели Конститутсияи халқӣ ва Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ба пойдории давлату миллати мо сахт тавъам шуда,
руҳияи ватандорӣ ва давлатдории моро қавӣ кардааст. Ин ҳолатҳое ҳастанд, ки
онҳо одӣ не, балки олӣ ва маънавӣ буда, ҳамоҳангии руҳияи халқ, руҳияи Пешво ва
руҳияи ҷавҳари низоми ҳуқуқии Конститутсияи халқи моро муаррифӣ мекунанд.
Конститутсия
ба ҳимояи маънавӣ эҳтиёҷ дорад
Аз ин
хотир, мо бо шарҳи васеи руҳияи Конститутсия ҳамчун ҷавҳари созандаи миллат,
оромии неки халқ, муттаҳидии руҳи миллатро атрофи иҷро ва татбиқи он даъват
намуда, мубориза алайҳи каҷрафторӣ ва тобеият ба неруи руҳонии манфиро дар
заминаи тафаккур ва ақли инсонӣ масъалагузорӣ карданием. Зеро, инсон дар
баробари зуҳуроти моддӣ буданаш вай то ҷойе падидаи маънавӣ ва руҳӣ низ ҳаст.
Дар
бештари мавридҳо маҳз талаботи маънавӣ ва руҳии вай барои ў мушкилиҳои
назаррасро зам мекунад. Бинобар ин, ҳуқуқ ҳамчун зуҳуроти мусбат ва нишонаи
таҷассуми хирад бояд талаботи маънавӣ ва руҳии инсонҳоро низ қонеъ намояд. Зеро,
“эй бародар ту ҳамон андешаӣ” (Мавлоно) ҳикмат ва воқеияти илмии антропологӣ
дорад.
Таваҷҷуҳ
бар ин нуктаҳои Конститутсия ҳамчун таҷассуми хиради олии инсон, ҳолати руҳии
арзандаи ҳар шахс мутобиқ ба талаби розу ниёзи зиндагиаш ба мо имкон медиҳад,
ки Ватани худро ба сони биҳишти Шаддод не, балки ба биҳишти воқеии афсонавӣ
табдил диҳем.
Дар
умум, ҳодиса ва падидаҳое, ки дар маҷмуъ, ба фаъолияти инсон равона шуда,
инъикоси ҳаёти намунавии онро собит менамоянд, бидуни мавҷудияти чунин ҷавҳаре,
ки ба идеяи олӣ, хиради воло ва намунавие, ки аз ҷавҳари маънавии одамон мабдаъ
мегирад, қудрати ба талаботи ҳаёти иҷтимоии тағйирпазир ҷавоб доданро надоранд.
Яъне, шароити танзимкунандаи рафтор бояд ба талаботи руҳии инсон ва саодати
вай, хоставу орзуҳояш дар ҳар сурат ҷавобгў бошад. Пас руҳияи саодати инсон ба
табиати ташаккули низоми ҳуқуқӣ таъсир расонида, дар давлати адолатнок онро
мутобиқ ба розу ниёзи хеш менамояд.
Назарияи
табиӣ, фалсафӣ, либератарӣ, юридикӣ ва компрехедии ҳуқуқ ҳар яке аз қутбҳои
мухталиф ҳуқуқу озодиҳои инсон, инсон ва саодати ўро дар маркази ташаккули
ҳуқуқ қарор дода, ин нуктаро аз тавлидшавиаш ба манфиати инсон ҳамчун маркази
низоми ҳуқуқ ва сиёсат ёдрас шудаанд. Дуруст аст, ки дигар дидгоҳҳои ҳуқуқӣ низ
тимсоли ғояи иҷтимоӣ, меъёрӣ, воқеӣ, интегративӣ аз роҳҳои мухталифи татбиқи
адлу инсоф ба ҳамин нуктаи тамаркузбахшанда ҳаракат мекунанд.
Конститутсия инъикоси розу ниёз ва талаботи асли ҷомеа аст
Дар ин
ҳуқуқфаҳмиҳо Конститутсияи кишварҳо ҳамчун ҷавҳари низоми ҳуқуқӣ дар худ, қабл
аз ҳама, орзую умед, хостаю ниёзҳои инсонҳоро муттаҳид менамояд. Албатта, ин
хоставу ниёзҳо дар асоси манфиати инсонҳо ва талаботи руҳонию моддии онҳо
ташаккул меёбанд. Пас, Конститутсия ҳамчун паҳнои қолаби ҳуқуқии ташкили ҳаёт
дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ дар заминаи орзую омоли аз саодати
инсон ва руҳияи вай мабдаъгирифта ташаккул ёфта, дар ниҳояти кор худ бо меъёрҳо
ва шакли махсуси ташкили зиндагӣ, инъикоси руҳи инсонҳои муайянро дар паҳнои
давлати мушаххас муаррифӣ менамояд.
Конститутсия
мақоми хуқуқии шахс, асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ (м.15), дар паноҳи давлат
будани шаҳрванд (м.16), баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии
мардону занон (м.17), дахлнопазирии шахс, муқаддас будани ҳаёти инсонӣ (м.18),
кафолати ҳифзи судӣ (м.19), эҳтимолияти бегуноҳӣ (м.20), ҳифзи судии ҷабрдида
ва кафолати ҷуброни зарар (м.21), дахлнопазирии манзил ва ҳуқуқ ба манзил
(м.22, 36), маҳрамияти мукотиба (м.23), озодии ҳаракат (м.24), шиносоӣ бо
ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва ҷалби маълумот роҷеъ ба худ (м.25), озодии виҷдон ва эътиқод
(м.26), маҷмуаи ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ (м. 27-31), иқтисодӣ (м.32), ҳуқуқ ба
ташкили оила (м.33), модару кўдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат
вогузор намудан (м.34), ҳуқуқ ба меҳнат ва истироҳат (м.35, 37), ҳуқуқ ба ҳифзи
саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ (м.38-39), ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ
(м.40) ва ҳуқуқ ба таҳсилро (м.41) эълон ва кафолат дода, барои баровардани
хостаю омоли шаҳрвандони кишвар ва ташаккули инсони солеҳ дар Ватан шароити
арзандаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Конститутсияи
халқӣ инъикосгари ҳолати руҳии миллат аст
Ҳамин
тавр, Конститутсияи давлати демократӣ ифодагари руҳияи халқ ва орзуву омоли ҳар
шаҳрванди ўст. Халқ дар симои шаҳрвандон низ бояд бо он ҳамчун унсури руҳи худ
ва розу ниёзи санҷидашудаю эътирофкардааш бо эҳтиром ва қаддасият муроҷиат ва
муносибат намояд. Зеро, дар меъёрҳои он доираи озодиҳо, ҳуқуқҳои худмуаррифӣ ва
роҳҳои ҳуқуқии ташаккули шахсӣ, моддӣ ва маънавии ҳар инсон матраҳ шудааст.
Ҷонибдорӣ ва пайравӣ ба он, пайравӣ ба хоставу саодати худ ва тобеъ шудан ба
қонуни саодати зиндагист. Ҳар нафаре, ки ба ин меъёрҳо беэътиноӣ мекунад, вай
беэътиноӣ ба дигарон не, балки ба хеш мекунад, зеро рафтори ғайриҳуқуқии ў, ки
ба муқобили дигар шахс равона шудааст, дар асл ифодагари он аст, ки вай чунин
рафтори нодурустро дар навбати худ нисбат ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои худ низ ҷоиз
медонад. Зеро, дар қолаби ин меъёри ҳифзшуда танҳо ҳуқуқу озодиҳои шахси
ҷудогона не, балки ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони давлат матраҳ шудааст,
иҷроиши як ҳақ иҷрои як рафтори хуқуқӣ не, балки ҷузъи мустақили низоми комил
аст, ки дар иртибот бо ҳаққи дигарон қарор дорад. Конститутсия чунин хақ ва
низомро барои ҳама якзайл ва баробар (м.17) кафолат додааст.
Аз ин
дидгоҳ нисбат ба фазои ҳуқуқӣ ва талаботи тағйирпазири инсонҳо Конститутсияи
кишвар бардорандаи бори амонати руҳи низоми ҳуқуқии миллат дар даврони муайяни
таърихӣ аст. Бале, руҳи низоми ҳуқуқӣ. Зеро, тамоми розу ниёз, ҳадду марзи
ормонҳои шаҳрвандон тариқи мухтасар ва консептуалӣ дар шаклҳои умда дар ҳамин
ҳуҷҷати ҳуқуқӣ бо меъёрҳои муайян ҳамчун қолаби арзандаи ташкили зиндагӣ
муқаррар шудааст. Мобаъд фазои ҳуқуқӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ, институтҳои
ҳуқуқӣ, соҳаҳои ҳуқуқӣ, санадҳои зерқонунӣ ва қонунгузорӣ дар паҳнои
муайянкардаи ҳамин сарчашмаи ҳуқуқӣ шаклпардозию мазмунбандӣ мегарданд.
Руҳи
қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ва табиати санадҳои татбиқи ҳуқуқӣ аз принсипҳо
ва арзишҳои конститутсионӣ берун буда наметавонад. Ҳатто таъсиру фишори
стандартҳои байналмилалӣ низ то сарҳади айнияти конститутсионӣ ҳаракат карда,
мобаъд аз фазои он гузашта наметавонанд. Чунки айнияти конститутсионӣ ҳамчун
вижаю менталитети ҳуқуқии бо меъёрҳои Конститутсия муқарраргардида ифодаю
иродаи халқи кишвар аст, ки вай дар муқобили ҳар гуна интиқоли арзишҳои
фаромиллии мухолифи манфиатҳои миллӣ истодагарӣ менамояд.
Айнияти конститутсионӣ ва миллӣ - воситаи муассири ҳифзи
истиқлоли миллӣ
Дар
илми ҳуқуқшиносии конститутсионӣ андешаҳои мухталиф дар бораи айнияти
конститутсионӣ вуҷуд дорад. Профессори амрикоӣ М. Розенфелд андеша дорад, ки
зери мафҳуми айнияти конститутсионӣ ҳама муқаррароти Конститутсия аз навиштаҳои
барномавии Конститутсия то сохтори давлатӣ, муносибати Конститутсия бо фарҳанги
гурўҳи иҷтимоии муайян, айнияти динӣ, миллӣ ва мафкуравии халқ фаҳмида мегардад.
Тибқи
мавқеи муҳаққиқи фаронсавӣ Мишел Тропер бошад, зери мафҳуми айнияти конститутсионӣ
дар табиати принсипҳои конститутсионӣ ва дигар асосҳои роҳбарикунандаи
Конститутсия, ки дар вақти коллизия ва фишор ба низоми ҳуқуқӣ ва худи
Конститутсия дар шакли ҷудоии талаботи Конститутсия аз халқ, ҷиҳати ҳимояи
асосҳои сохтори конститутсионӣ ба онҳо такя карда мешавад, фаҳмида мешавад.
Таваҷҷуҳи асосии Мишел Тропер ба он нукта аст, ки аснои таҳдид ба “алоқаи
Конститутсия бо одамон ва халқ, ки вай барои онҳо бояд хизмат кунад” айнияти
конститутсионӣ истифода мегардад. Яъне, Конститутсия худ ва халқӣ будани
табиаташро дар ҳамоҳангии ғояи гуманистӣ дифоъ мекунад. Ин ҳолат махсусан дар
сурати айбдор кардани давлатҳо аз ҷониби низом ва механизмҳои байналмилалӣ зиёд
эҳсос мегардад. Зеро, дар ин қарина халқи таҳҷоӣ ҳамчун аққалияти соҳибҳуқуқи табиати
хос ва фарҳанги вижадошта баромад мекунад ва низоми байналмилалӣ бошад, ҳамчун
аксарияти берун аз табиати фарҳанги миллӣ.
Мо дар
масъалаи татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон боз ба як аксуламали принсипҳо рў ба рў
мегардем. Агар дар зинаи давлатӣ ташкилоти байналмилалӣ ва низоми судии башарӣ
дар муқобили низоми ҳуқуқии давлат пайгири ҳуқуқи аққалият шуда, давлатҳоро
ҳамчун ҷонибдори ғояи аксарият ба мурофиа кашад, пас дар зинаи муносибати
низоми хуқуқӣ бо низоми байналмилалӣ масъала баръакс, шакли дигар мегирад.
Зеро, низоми ҳуқуқи байналмилал худ ҷонибдори иродаи аксари башарӣ шуда,
давлати ҷудогонаро ҳамчун пайрави андешаи аққал дар симои давлати муайян
гунаҳгор менамояд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки вобаста аз субъект ва сатҳи
татбиқи принсипҳои ҳуқуқӣ дар шароити макон имкон дорад мазмуни ҳуқуқ табдил
ёбад. Ин ҳолат субъекти ҷонибдори ҳуқуқи аққалро дар як вақт ба намоишгари
ҳокимияти аксар табдил медиҳад. Бинобар ин, дар ин лаҳзаҳо на масъалаи шумора
ва аксару аққал, балки мазмуни ҳуқуқ ва адолати он дар замону макон вобаста ба
айнияти конститутсионии халқу миллатҳо, ки озодона муқаррар кардаанд, нақши
асосӣ доранд.
Дар
кори татбиқи айнияти конститутсионӣ ва миллӣ миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ Суди
конститутсионии Федератсияи Русия дер ҳам бошад, таҷрибаи пешқадам касб
кардааст. Мисол, нахустин маротиба ин институт дар қарори Суди конститутсионии
Федератсияи Русия аз 14-уми июли соли 2015, таҳти № 21 истифода шуд.
Сипас,
бо қарор аз 16-уми апрели соли 2016 роҷеъ ба имкон ва ё радди истифодаи қарори
Суди Аврупо дар масъалаи он, ки меъёри Конститутсияи Русия доир ба манъ кардани
ҳуқуқи интихоботии шахсони бо қарори суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда
мухолифи Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, татбиқ гашт.
Минбаъд принсипи айнияти конститутсионӣ аз ҷониби Суди конститутсионии
Федератсияи Русия дар парвандаҳои “Анчугов ва Гладков бар зидди Русия” аз
19-уми апрели соли 2016, “ОАО ширкати нафтии ЮКОС бар зидди Русия” дар таърихи
19-уми уми январи соли 2017 ва ғайра фаъолона татбиқ шудааст.
Таҷрибаи
шарҳи айнияти конститутсионӣ дар судҳои ғарбӣ таҷрибаи тўлонӣ дорад. Мисол, дар
парвандаи “Голдер ба муқобили Шоҳигарии Муттаҳидаи Британия” аз соли 1973 ва ё
таҷрибаи баҳси ҳуқуқии байни Фаронса ва Туркия аз соли 1927 ва ғайра намунаҳои
татбиқи айнияти конститутсиониро бо усули маҳдуд тавзеҳ додани талаботи
конвенсияю шартномаҳои байналмилалӣ дар сарҳади манфиатҳои миллӣ мо эҳсос
мекунем.
Ба
андешаи профессор В.Д.Зоркин, аз сари нав мубрам шудани масъалаи истифодаи
айнияти конститутсионӣ дар давлатҳои миллӣ ҳамчун механизми муҳофизатии ҳуқуқӣ
ба ду омил вобастагӣ дорад: 1) эҳё ва густариши идеологияи популистӣ раванди
рушди ҷомеаҳоро осебпазир кардааст: 2) афзоиши тазод байни низоми судии миллӣ
ва судҳои фаромиллӣ дар нуктаҳои мухталифи олам.
Дар
баробари ин ду омил, албатта, боз ҳастанд таъсирҳое, ки аз ҷаҳонишавии
манфиатҳо, тавсеаи манфиати кишварҳои бузург дар олам, бархўрди тамаддунҳо,
ташкили инқилобҳои ранга, интиқоли иҷбории арзишҳо, фишорҳои молиявӣ ва
универсализатсияи фарҳанги ҳуқуқии ғарбӣ сароб гирифта, фишор ба вазъи ҳуқуқи
миллӣ ва истиқлоли давлатҳои миллӣ меоранд.
Бавижа,
таҷрибаи солҳои охир дар шакли баҳодиҳии вазъи ҳуқуқи инсон аз ҷониби кишварҳои
бузурги олам ва ворид намудани давлатҳои ҷудогона ба гурўҳи давлатҳои
нигароникунанда ва амсоли инҳо, ки дар пасманзараш муҳосираҳо ва маҳдудиятҳои
молиро доро аст, ин як навъ дахолати беҷо ва бемавқеи худкомаи неоколониалии
абарқудратҳо ба истиқлоли миллии давлатҳои ҷавон аст.
Дар
чунин шароити таҳдидҳои ҳуқуқӣ вазифаи асосии давлати миллӣ пурқувват намудани
адолати судӣ ва низоми суди конститутсионӣ аст, ки дар истифодаи механизми
ҳимоятии айнияти конститутсионӣ ва миллӣ фаъол бошад. Махсусан, дар кори
баҳодиҳии низоми ҳуқуқии кишвар ва ҳимояи он аз фишорҳои низоми фаромиллии
ҳуқуқӣ ва судҳои байналмилалӣ фаъолияти суди конститутсионӣ дар масири
муқаррароти Конститутсия қатъӣ ва устувор бошад. Зеро, ҳарфи ниҳоии ҳамоҳангии
халқ ва Конститутсияро дар низоми ҳуқуқӣ танҳо Суди конститутсионӣ мегўяд.
Конститутсия
мисли як руҳияи комили миллати давлатсоз тамоми нуктаҳои зарурии эҳтиёҷоти
иттиҳоди сиёсиро дар худ таҷассум кардааст. Конститутсия аснои ҳаракат, яъне,
амалишавии меъёрӣ ва муқарраротӣ дар фазои ҳуқуқӣ ба мисли як раванди томи
маърифатӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқию сиёсӣ мазмун ва муҳтавои ҳама сарчашмаҳои дигари
ҳуқуқиро муайян менамояд, онҳоро таҳти тобеият ба принсипҳои муайян ва ҳимояи
арзишҳои аслии зиндагӣ ба ташкили ҳаёти иҷтимоӣ сафарбар мекунад. Ҳамаи
сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, чӣ қонунгузорӣ ва чӣ зерқонунӣ бояд таҳти садо ва ҳидояти
руҳи Конститутсия қарор гиранд.
Бинобар
ин, Конститутсия руҳи низоми ҳуқуқист, ки табиат ва мазмуни ҳуқуқи миллиро
мазмун мебахшад, айнияти конститутсионии давлатро муқаррар мекунад, зербинои
низоми ҳуқуқро матраҳ месозад, марзу буми онро муайян менамояд, дар маҷмуъ,
онро аз фишору таҳоҷуми аҷнабӣ ва арзишҳои берун аз манфиати миллӣ муҳофизат
карда, хисори ҳуқуқии истиқлоли давлатиро таъмин менамояд.
Аломатҳо,
вижагиҳо ва вазифаҳои ҳуқуқии Конститутсия
Табиати
руҳи ҳуқуқии низоми ҳуқуқии давлатро ҳамчун омили назарӣ ва фалсафаи ҳуқуқ
Конститутсия, қабл аз ҳама, бо чанд аломатҳои хоси ҳуқуқии худ, ки дар илми
ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун мавзуоти умуминазариявӣ эътироф шудаанд, ифода
менамояд. Дар байни онҳо, қабл аз ҳама, аломатҳои Конститутсия нақши мубрам
дорад. Ба андешаи конститутсионалисти Федератсияи Русия С.А.Авакян, зери
аломатҳои асосии ҳуқуқии Конститутсия дар шароити муосир чунин аломатҳо шинохта
мешаванд:
а) хислати
муқарраротӣ доштан;
б)
халқӣ будан;
в)
воқеӣ будан, бевосита татбиқ шудан ва аломати муназзамиро нигоҳ доштан.
Ба
сифати аломатҳои асосии Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати расмии сиёсӣ-ҳуқуқии давлат
С.А.Авакян алоқаи онро бо рушди ҷомеа, таъсири сарчашмавӣ ва вижагии
муносибатҳои ҷамъиятӣ ва нақши он (Конститутсия)-ро дар равандҳои воқеии ҳаёти
давлат эътироф менамояд. Ин ҳолат ҳамчун унсури муқарраротии Конститутсия шарҳ
дода мешавад. Зеро, дар он таваҷҷуҳ на танҳо ба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати
сиёсии ҳуқуқии якҷониба сохтормуайянкунанда, балки ҳуҷҷати аз дохили ҷамъият
тавлидшудае, ки таҳти таъсири мутақобила бо розу ниёзи ҷомеа қарор дошта ва
зери таъсири тағйирпазирии он рушд намоянда фаҳмида мешавад.
Ин
хислат якум, наздикии Конститутсияро ба иродаи халқ ва сониян, зинда будани
онро ҳамроҳ ба талаботи мардум ифода менамояд. Дар ин маҷро ин ҳуҷҷати сиёсӣ ва
ҳуқуқӣ иртиботи худро тавассути танзими масъалаҳои нисбатан муҳим, ташаккулу
тағйирпазирии арзишии унсурҳои ҷомеа муайян намуда, заминаи воқеии ҳаракати
қонунии ҷомеаи сиёсии бо муқаррароти муайяни бо манфиатҳои давлатӣ васлгашта
гардида, дар шоҳроҳи таърихии вай воситаҳои гузаришу табдили ҳуқуқиро пешниҳод
намуда, принсипҳо, арзишҳо ва ҳадафҳои роҳнамои рушди муносибатҳои ҷамъиятии
миллатро муаррифӣ карда, омилҳои объективӣ ва субъективии рушди халқро вобаста
ба замону макон ифода менамояд. Ин ҳамаро Конститутсия бо ҳаракати васеи
мазмунӣ ва шаклии миллати сиёсӣ ҳамчун рушди воқеии ҳуқуқӣ расман матраҳ
менамояд.
Омилҳои
объективӣ, ки дар муқаррароти меъёрҳои низоми давлатӣ, ташкили ҳокимият, мақоми
шахсият, шаклҳои моликият ва ташкили низоми иқтисодӣ муқаррар мешаванд, нақши
маҳаки статикию устувории ҷомеа ва давлатро дар шароити муайяни таърихӣ фаро
мегиранд. Аммо омилҳои субъективӣ ҳамчун асоси динамикии Конститутсия имконияти
тағйирпазирии Конститутсияро вобаста ба шароити таърихӣ ва тағйирпазирии
арзишҳо ва аслҳои конститутсионӣ таъмин менамоянд.
Аломати
халқӣ будани Конститутсияро муҳаққиқон дар иртиботи қавӣ доштани қабул ва рушди
он ба халқ маҳсуб медонанд. Ба назари мо, дар партави андешаҳои судманди эшон
унсури халқӣ будани Конститутсия дар се аломати аслии он ки сифати
конститутсияҳои давлатҳои демократиро фарогир аст, ифода мегардад.
Якум,
Конститутсияи давлати демократӣ аз ҷониби халқ ва ё намояндагони вай қабул
мешавад, тавассути халқ ва ё намояндагони вай такмил меёбад, тағйир мегардад ва
вай муҳимтар аз ҳама, таҷассумгари розу ниёз ва орзую омоли ҳуқуқии халқ аст.
Мисол, Конститутсияи соли 1994 дар Тоҷикистон аз ҷониби халқ бо овоздиҳии умумихалқӣ
қабул шуда, ин сифати худро дар даврони таҳаввулоти конститутсионӣ баъдан собит
сохт.
Дуюм,
Конститутсия таҳти таъсири равандҳои ҷамъиятӣ ва рушди манфиату розу ниёзи
ҷамъият ва давлат тағйир ҳамчун заминаи бунёдӣ тағйир меёбад ва рушд мекунад.
Вай
догма набуда, хислати вобастагии мантиқӣ, семантикӣ ва хирадмандона бо ҷомеаро
дошта, як маҷмуаи арзишҳои зиндаи ҷомеаи зиндаро ифода мекунад, ки бо ҳаёти
ҷамъиятӣ ва фардӣ сахт тавъам аст.
Он
ҳамчун ҳолати воқеии ҳуқуқу озодиҳо, шакли ташкили ҷомеа ва асосҳои сохтори
конститутсионӣ ҳамроҳ ба талаботи ҷомеа рушд мекунад, тағйир меёбад ва ба
замону макон аз рўйи қонунҳои диалектикӣ мувофиқ мегардад. Албатта, на ба
хоҳиши ҷудогонаи иддаи одамони ҳангоматалаб, балки таҳти таъсири умумии
қонунияти рушди ҷамъият бо фарогири тағйирпазирии манфиатҳои умумии миллат ва
давлат аз роҳҳои ҳуқуқӣ ва расмӣ.
Сеюм,
Конститутсия ба ҳамон тартибе, ки қабул шуд, ба ҳамон тартиб аз ҷониби халқ ва
ё намояндаи он вобаста ба шароит тағйир меёбад. Мисол, ислоҳотҳои конститутсионии
солҳои 1999, 2003 ва 2016 шаҳодати ин ҳолатанд. Агар ин раванд бо дигар тартиб
сурат гирад ва ё таҳти таъсири неруҳои ҷудогона ва ғаразҳои сиёсии неруҳои
алоҳида амалӣ шавад, пас аломати халқӣ будани он гум мегардад ва ногузир
ҷомеаро ба ҷунбиши ҷиддӣ мекашад. Мисли солҳои навадуми асри гузашта, гурўҳҳои
манфиатовар иҷборӣ чандин маротиба ба Конститутсияи амалкунанда тағйирот ворид
карда, Тоҷикистонро тадриҷан ба ҷанги шаҳрвандӣ ворид сохтанд.
Унсури
воқеӣ ва ҳаётӣ доштани Конститутсия маънои онро дорад, ки воқеан, таҷаллои
ҳастии моддӣ, маънавӣ ва ғоявии миллат буда, ба зиндагии воқеии мардум меъёрҳои
муқарраротии он иртиботи қавӣ дорад. Яъне, Конститутсия ба зиндагии мардум
иртиботи воқеӣ дошта, аз зиндагии воқеии инсонҳо ҷудо нест. Меъёрҳои вай мустақиман
дар зиндагӣ амал мекунанд, бевосита татбиқ мегарданд, шаҳрвандон ҷиҳати амалӣ
шудани онҳо ҳавасманд мебошанд. Чунки амалӣ шудани меъёрҳои он ба манфиати худи
шаҳрвандон аст.
Маҳз
ба ҳамин хотир Конститутсияи мо дар фазои ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва
меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки
хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд (қисми 1. моддаи 10-и
Конститутсия), давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва
иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро
намоянд (қисми 2. моддаи 10-и Конститутсия).
Хулласи
каломи ин навишта низ он аст, ки пайравии одилона ва мунсифона аз меъёрҳои
Конститутстия асли саодати фардӣ ва зиндагии осудаҳолонаи дастаҷамъона ва
оромии руҳию маънавии мо, мардуми Тоҷикистон аст.
Конститутсия
марому мақсад ва орзуву омоли олии ҳар яки моро дар шакли ҳуқуқу озодиҳо арзиши
олӣ эълон, эътироф ва ҳифз намуда, давлат ва ҷомеаи моро барои арҷгузорӣ ба
онҳо муваззаф гардонидааст.
Эҳтиром
аз меъёрҳои Конститутсия ин арҷгузорӣ ба ҳаққу озодиҳои худ, расидан ба қадри
оромии руҳии ҳар яки мо, амнияти Ватан ва рушди давлатамон - Тоҷикистон аст.
Абдуҷаббор АЗИЗӢ,
муовини якуми Раиси ҲХДТ,
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон