Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия
2024-08-28
Қабулгоҳи
ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо мақсади таҳким бахшидани корҳои
фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Федератсияи Россия вобаста ба навгониҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ, ҷилавгирӣ аз
ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ,
вохӯриҳои судмандро анҷом додааст. .
Дар ин самт, санаи 24 августи соли 2024 дар Маҷмааи тиҷоратии “Садовод”, “Люблино”,
“Южные ворота” ва иншооти сохтмонӣ дар минтақаи Братиславский шаҳри
Москва вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
баргузор гардида, доир ба вазъи кунунии соҳаи муҳоҷирати кишвари иқомат,
тағйиротҳои воридгардида дар қонунгузорӣ, тадбирҳои анҷомдодашуда ва корҳои
банақшагирифташуда барои фаъолияти минбаъда маълумоти муфассал дода шуд.
Зимни
вохӯрӣ нахуст кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират изҳор доштанд, ки
ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни
Тоҷикистон ва Россия дар сатҳи баланд қарор дорад ва бо ин кишвари дӯст аз
даврони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муносибатҳои судманд роҳандозӣ
гардидааст, ки имрӯз тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.
Дар
рафти сӯҳбат аз ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи
махсуси Роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони меҳнатиро
мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат ба касбомӯзӣ машғул
шуда, бо рафтори шоистаи худ дар кишвари иқомат намунаи ибрат нишон диҳанд.
Ҳамчунин,
масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат, барасмиятдарории
шахсони ғайриқонунӣ иқоматдошта, тартиби барасмиятдарории будубош ва дарёфти
иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар
идома, аз ҷониби Мирзомуддинов Саидбек - роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар
Федератсияи Россия, оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту
фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия, роҷеъ ба зарурати
аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати
эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми кишвари иқомат,
дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои
террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид. Тазаккур ёфт, ки мутаассифона, то
ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими
Россия ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу
хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнуъ пайваста
аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю
иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва
онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву
экстремистӣ водор менамоянд. Дар иртибот иброз гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд
саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи
фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ
ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу
зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба
ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву
бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат
аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби муҳоҷирон саволҳо пешниҳод карда шуда, ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.