Хуҷанд: мулоқот бо сокинони кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат”
2024-08-27
Дар
хобгоҳи 7 - и кумитаи маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии
фарҳанги бегонапарастӣ, терроризму ифротгароӣ ва дар рӯҳияи инсондӯстиву ифтихори
ватандорӣ талқин намудани шаҳрвандон ва риояи қонунҳои амалкунанда “Дар бораи танзими
ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин “Дар бораи масъулият барои таълиму
тарбияи кӯдак” бо иштироки мушовири
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ
ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа
Пӯлотова мулоқот баргузор гардид.
Зикр
гардид, ки хурофоту ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, мо бояд
зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва наврасону ҷавононро ба фарогирии илму дониш ва
касбу ҳунар пайваста даъват намоем.
Хотиррасон гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони кишвар бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар зери Роҳбарии Сарвари давлат, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот кӯшиш ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллӣ ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намоем.