Тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур

2024-08-27

Дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҳаллаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансур чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Ҳомидзода Насим, сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Гулобод ва Гулистони ноҳияи Шоҳмансур ва наврасону ҷавонони ҳудуди маҳаллаҳои мазкур ширкат варзиданд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар кушода эълон намуда, сараввал кулли ҳозиринро ба ифтихори 33 - солагии Ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҳният намуд.

Зимнан, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар андешаҳои худро оид ба моҳияти Истиқлоли давлатӣ, арзиши олӣ доштани он ва талошҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо, дастоварҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии хеш, эҳё гардидани урфу одат, анъанаҳо ва рукнҳои хоси миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, бунёди давлати миллии тоҷикон таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, қайд намуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ба мо, миллати тоҷик имкон дод, то забони давлатӣ, таъриху фарҳанги кӯҳан ва урфу одатҳои хоси миллии хешро эҳё бисозем ва ҳамчун муқаддасоти миллӣ пос дорем.

Дар идома, бо иштироки гурӯҳи ҳунармандон баҳри болидарӯҳии сокинону истиқоматкунандагон ва наврасони хушиқболи меҳан барномаи консертӣ барпо карда шуд.

Ҳамзамон, дар ин радиф, миёни наврасону ҷавонон бозиҳои дӯстонаи футбол низ баргузор карда шуд.