МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

2024-08-27

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб - Сайвализода Салим дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб муовини раиси шаҳри Кӯлоб - Ҳамидиён Орзу, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, намояндагони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва вакилони ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷоннок намудани корҳо оид ба маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни маҷлис аз ҷамъбасти маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ натиҷагирӣ карда шуда, оид ба тадбирҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб дар доираи Оиннома ва Низомномаи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, дар рафти кори маҷлис аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия Ҳамидиён Орзу дар суҳбат иброз дошт, ки моро зарур аст, ки дар чунин вазъияти мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ҳисси ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавононро баланд бардошта, моҳияти хизмати Ватан - Модарро дар замири ҷавонон ҷой дода, онҳоро барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ, корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар намоем.

Дар идома зикр гардид, ки фаъолияти Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки он ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ соҳиби обрӯю эътибори бузург дар мамлакат ва дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ мебошад. Татбиқи нақшаву стратегияҳои минбаъда дар марҳилаи нави рушди мамлакат аз ҳар  узви ҳизб масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тақозо менамояд.