Шаҳри ман – хонаи ман: майдончаҳои варзишии пойтахт таъмиру тармим мешаванд
2024-08-27
Дар ҳошияи дастуру
супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри
Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдоми умумишаҳрии “Шаҳри ман-хонаи ман” бо
ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
ва сохторҳои ноҳиявии он майдончаҳои варзишии кӯчаи М. Назаршоев 72-и ноҳияи
Шоҳмансур, кӯчаи Рӯдакӣ 72-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, минтақаҳои 103, 104-и
ноҳияи Сино ва маҳаллаи Сомон 1-и ноҳияи Фирдавсӣ таъмиру тармим гардиданд.
Дар ин кори муҳим
кормандони ҳизбии пойтахт, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ,
аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони кумитаи ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе ширкат карданд.
Бояд гуфт, ки
майдончаҳои варзишӣ ҷузъи таркибии истироҳату фароғат ва василаи муҳими ба
варзиш машғул шудани сокинон буда, чанд сол қабл дар ҳошияи дастуру супоришҳои
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри
Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд шудаанд, ки бо мурури замон бархе аз
онҳо ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.
Маҳз ба ҳамин хотир
аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ нишастгоҳҳо, панҷараҳои роҳравҳо, даромадгоҳҳо ва
дигар унсурҳои майдончаҳои варзиширо рангубор карда, чароғакҳои равшанидиҳандаи
онро иваз карданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи
ин иқдом атрофи роҳравҳо ва дохили майдончаҳо аз ҳар гуна алафҳои бегона ва
партовҳои маишӣ тоза карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки
чунин иқдомҳои ҳизбиён дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ вусъат ёфта, то Ҷашни
30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.
Дар ин раванд,
кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе ҳашарҳои дастаҷамонаро бо
рӯбучинии ҳавлиҳо, роҳравҳои назди корхонаву муассиса, кӯчаю хиёбон, шаҳраку
маҳалла ва тозаю озода намудани майдону гулгаштҳо аз ҳар гуна партовҳои маишӣ
ва хазонбаргҳо саҳми муносиби хешро гузоштанд.