Соли маърифати ҳуқуқӣ: мулоқоту вохӯриҳои деҳа ба деҳа

2024-08-21

Мулоқоту гурӯҳи муштараки таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо усули деҳа ба деҳа бо сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чўянгарон анҷом ёфт. Таблиғотчиён бо роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода сараввал бо зиндагии сокинон, истифодаи заминҳои корам, ободонию созандагии онҳо шинос шуданд. Ислом Ҳайдарзода доир ба мавзуи ватандӯстию арҷгузорӣ ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ, хизмати Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар ва баланд бардоштани фарҳанги маҳалдорию маърифати ҳуқуқӣ бо онҳо суҳбат намуд. Раисони маҳаллаҳо бо навбат доир ба рафти ободонӣ, бунёди синфхонаҳои иловагию истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмири роҳҳои деҳа гузориш доданд.

Сипас аъзои гурӯҳ намояндаи Хадамоти муҳоҷират Сарабек Асозода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат Абубакр Идиев, корманди масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Фотима Табарова ва раиси ҷамоат Баҳриддин Мирзоев дар масъалаҳои риояи қонуну қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубош дар хориҷи мамлакат, хизматрасониҳои раёсати Агентии меҳнат ва шағли аҳолӣ ва татбиқи қонунҳои миллии кишвар, бо таҳсилу касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани наврасону канораҷӯӣ аз парастиши фарҳанги бегона суҳбат намуданд. Мулоқот дар руҳияи баланди ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаи ҳадафмандонаи ҳизб доир гардид.

Чанд нафар фаъолон аз номи сокинони деҳаҳо барои чунин як суҳбати судманд изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанги деҳот ва рушди кишвар сарҷамъона саҳм хоҳанд гузошт.