Табибон роздони дардмандонанд

2024-08-20

Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳомиёни Сино”- и Маркази саломатии шаҳрии №12 ҳамоиш бахшида ба “Рӯзи кормандони тиб” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ - Абдулло Раҷабов, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ иштирок доштанд

Нахуст, Абдулло Раҷабов вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуда, афзуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Инчунин, қайд гардид, ки дар соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло бошад дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

Дар идомаи вохӯрӣ мавсуф ҳайати меҳнатии ташкилоти ибтидоии “Ҳомиёни Сино” - ро ба муносибати “Рӯзи кормандони тиб” таҳният намуда, зикр намуд, ки табибон чун ворисони арзандаи Ибни Сино донишу маҳораташонро баҳри рушди соҳа ва таъмини ҳифзи саломатии мардум, сафарбар намуда истодаанд.

Дар анҷом як қатор табибони фаъол барои хизматҳои арзанда дар ҳифзи солимии ҷомеа бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.