Таҷлил Рӯзи табибон дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд
2024-08-20
19
августи соли 2024 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Беморхонаи клиникавии
вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Пӯлотова ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар вилояти Суғд Умарҷон Ҳабибуллоев маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Сартабиби
беморхона Фаррух Мақсудзода чорабиниро оғоз бахшида ҳамаи табибони беморхонаро ба
муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.
Мунзифа
Пӯлотова - раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии
ҳизб дар баромади худ зикр намуд, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати
кишвар, сол ба сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзуда, садҳо иншоотҳои нави тиббӣ
сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ
гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда шуданд.
Ҳифзи
саломатӣ, таъмини тандурустии аҳли ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2020 - 2025 маҳсуб ёфта, пешрафту беҳдошти ин соҳаи муҳим
мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таъмин намудани сиёсати давлат бо назардошти
он, ки маҳз солимии миллат пояндагии онро таъмин карда метавонад барномаи худро
тартиб дода, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо
роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморида, бо ин
мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули хизматрасонӣ бо истифода аз
технологияҳои муосир ва таъмин кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро роҳандозӣ
намудааст.
Сипас,
Умарҷон Ҳабибуллоев намояндаи
кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб номаи табрикотии
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба самъи
ҳозирин расонид.
Дар охир фаъолон бо сипосномаю тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, инчунин ифтихорномаву сипоснома, сарфароз гардонида шуданд.