Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби созанда ва пешбаранда
2024-08-20
Дар
тӯли 30-сол, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ҳамчун ҳизби пешбари
сиёсии мамлакат нақши муҳим ва бениҳоят арзанда дар рушди гуногунҷабҳаи
Тоҷикистон ифо намудааст. Ин ҳизби инсонпарвар ва ободгар дар солҳои аввали
соҳибистиқлолӣ ваҳдати миллиро муҳофизат ва сулҳу суботро таъмин намуд, пас аз
он бошад, дар роҳи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ
ва таҳкими давлатдории миллӣ талошҳои шоёни зикр ба харҷ дод.
Бунёди
инфрасохтори иқтисодӣ, шиддатбахшии рушди кишоварзӣ ва саноат, дастгирии
соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг дар сарлавҳаи фаъолияти ҲХДТ қарор доранд. Ин
ҳизб дар ҳама даврони фаъолияти худ масъулияти хешро дар қабоили мардум ва
давлат ба таври шоиста ва содиқона адо намудааст. Аз ин рӯ, ҲХДТ ҳамчун ҳизби
пешбар ва дастгоҳи муҳаррики рушди Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Дастовардҳои
назарраси ҲХДТ дар тӯли ин солҳо ҳамчун офтоби равшан пеши назари ҳама қарор
доранд. Ин ҳизб тавонист дар тӯли се даҳсола, мафкураи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ
ва дилсӯзиро ҳамчун арзишҳои асосии фаъолияти хеш пайгирӣ ва татбиқ намояд. Дар
ин раванд, ҲХДТ дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди
иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши марказӣ ва муассир ба анҷом расонидааст.
Новобаста
аз мушкилиҳо ва имтиҳонҳои гуногун, ҲХДТ дар тӯли ин солҳо тавонист мавқеи
устувори худро дар байни ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон нигоҳ дошта, дастовардҳои
назарраси худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст оварад.
Аз
ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби инсонпарвар ва ободгари
мамлакат ҳамеша мавриди эҳтиром ва ҳимояти мардум қарор гирифт.
Инчунин,
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳизбҳои пешсафи сиёсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳимро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар
мебозад. Ин ҳизб дар тӯли солҳои мустақилияти Тоҷикистон садоқатмандона ба
манфиатҳои халқ хизмат кардааст. Ормонҳои халқро
ҳамеша дар маркази фаъолияти худ қарор дод Ҳизб ҳамаҷониба барои беҳтар кардани
сатҳи зиндагии мардум, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар талош
намуд. Муборизаи ҲХДТ барои манфиатҳои халқ, пеш аз ҳама, дар самти рушди
иқтисодӣ, беҳтар кардани сифати зиндагӣ, таъмини шуғл ва баланд бардоштани
зарфияти иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудааст. Яке аз афзалиятҳои муҳими фаъолияти
ҲХДТ ташаккул ва рушди демократия дар Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб ҳамеша барои
татбиқи принсипҳои демократӣ, озодии сухан, матбуот ва таъмини волоияти ҳуқуқи
инсон талош менамояд. ҲХДТ дар ин самт фаъолона корбарӣ карда бо истифода аз
донишу малакаи аъзоёни шарафманди худ аз таҷрибаи пешқадами давлатҳои демократӣ
истифода мебарад.
Дар
замони фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қувваи сиёсӣ,
созанда, ободкунанда ва пешбарандаи ормонҳои ҷомеа баҳри рушди соҳаҳои гуногуни
фаъолияти халқ ва пешрафти ҷомеа ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқ ҳамеша
талош мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро метавон яке аз муҳимтарин
ва арзишмантарин сарватҳои миллии халқи тоҷик донист. Барои он ки мақсадҳои
ҳизб нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии халқи тоҷик бо шиори
ҳамдилию ҳамдигархоҳӣ ва беҳтаркунии сатҳи зиндагии мардум фаъолият менамояд.
Донистани
сабабҳо ва таърихи ташаккули ҲХДТ барои ҳар хонанда аз
манфиат холӣ нест. Ишораи аз ҳама рӯшани сабаби ташаккули он суханони
сарвари давлат, Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар аввалҳои фаъолияти ҲХДТ гуфтаанд:
«Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ
гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслакони
худро ёбанд.»
Аз
оғози фаъолияти худ ҲХДТ манфиатҳои халқро дар маркази диққати худ қарор дода,
барои ҳаллу фасли мушкилоти онҳо талош мекунад. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои
шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии мардум аз ҷумлаи вазифаҳои
асосии худ мешуморад.
1.
ҲХДТ арзишҳои инсонпарварӣ, адолат, баробарӣ ва ҳамбастагию якдилиро тарғиб ва
пайгирӣ мекунад. Таҳкими сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ, инчунин ҷалби
фаъолонаи мардум ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии
фаъолияти он ҳисоб меёбанд.
2.
ҲХДТ барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳадафгирӣ ва татбиқ мекунад.
Мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободонии кишвар
мебошад.
Дар
маҷмуъ, ҳизби ободкору инсонпарвари халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби
мардумӣ, масъулияти калидиро дар қабоили халқ ва рушди ҳаматарафаи ҷомеа бар
дӯш дошта. Фаъолияти самарабахши ин ҳизб ба таҳкими демократия, адолат, иҷтимоӣ
ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум бе шубҳа мусоидат мекунад. Дар маҷмуъ,
ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ормонҳои халқ фаъолият намуда,
барои рушди босуботи Тоҷикистон ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум талош
мекунад. Ин ҳизб ҳамчун ҳомии манфиатҳои халқ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти
мақомоти қонунгузор нақши муҳимро мебозад.
Мардонзода
Гулбахор,
сардори
шуъбаи ҳуқуқи
Агентии
меҳнат ва шуғли аҳолӣ,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии
"Шуғл" - и
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино