Баргузории чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори таҷлили иди касбии табибони кишвар
2024-08-19
Дар Маҷмааи
тандурустии “Истиқлол”, бо ибтикори ташкилоти ибтидоии “Шифо” - и Раёсати
тандурустии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи табибони Тоҷикистон” чорабинии
бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим, муовини Раиси
шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шодихон Ҷамшед, раиси Кумитаи кор бо
ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор,
раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо,
сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии
"Шифо" - Шарифзода Хушвахт, роҳбарони муассисаҳои тандурустии
пойтахти мамлакат, собиқадорони соҳа ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок
намуданд.
Зимни чорабинӣ
баромадкунандагон кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро ба иди
касбиашон табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақият таманно
намуданд.
Баромадкунандагон дар
навбати худ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти
Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ёдовар шуда, иброз доштанд, ки маҳз бо пуштибонии амиқи Роҳбарияти Олии давлат
соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Гуфта шуд, ки даврони
соҳибистиқлолии давлатӣ рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
дар мамлакат таъмин гардида, баҳри ташхису табобати шаҳрвандон шароиту имконоти
мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин давра дар
пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе низ даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд
ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин гашта, ба истифода дода
шуданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам
беҳтар шуд.
Дар идомаи чорабинӣ,
ба як қатор фаъолони соҳа нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон»,
ифтихорномаву сипоснома ва ба ғолибони озмунҳои Раёсати тандурустии шаҳри
Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.