Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи тиб

2024-08-16

Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷамъомади тантанавии КИИ «Сино», бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси КИИ «Сино» ҳусни оғоз бахшид. Сармуҳаррири нашрияи «Афкори халқ» Муаззама Абдуваҳҳобова кормандони муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ - санитариро бо иди касбиашон табрик намуда, аз ҷумла зикр кард, ки ҳамасола 18-август дар қаламрави диёри азизамон иди касбии табибон ботантана таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯзи накӯ яке аз нобиғаҳои дунё, бузургтарин донишманд дар таърихи инсоният, табиби нотакрор Абӯалӣ Сино, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, ба дунё омадааст. Беҳуда нест, ки ҷашни бузурги табибон дар рӯзи тавлиди саромади табибони олам қайд карда мешавад, зеро Абӯалӣ Синоро ҳамчун бузургтарин бунёдгузори илми тиб ва ҳозиқтарин табиб ҷаҳониён мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Кормандони тиб ҳамчун неруи соҳибэътибори ҷомеа, ки мардум ба онҳо боварии зиёд дорад ва дар маҳалҳо бевосита бо халқ сару кор доранд, баробари адои вазифаи касбиашон, чун узви ҷомеа, барои ободони тозагии муҳити атроф дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳо баҳри саломатии комил ва устувории оилаҳо, ҳифзи саломатии онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Зикр гардид, ки имрӯз табибони тоҷик барҳақ давомдиҳандагони кори неки Синои бузург мебошанд ва меросбарону номбардори ин аллома ҳастанд.

Муносибати хуб бо беморон, табобати сарвақтӣ, истифодаи роҳу усулҳои наву муосир ба табибон имконият медиҳад, ки арзандатарин шогирди нобиғаи нотакрор- Абӯалӣ ибни Сино бошанд.

Дар охири ҷамъомад ба якчанд табибон, аъзои фаъоли ҲХДТ Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.