Дар шаҳри Ҳисор сафи ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёд мегардад

2024-08-16

Дар ҶДММ "Файзрези олимиён" бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Олимов Фаррухрӯз - директори ҶДММ "Файзрези олимиён" маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси муассисон нахуст ба якчанд нафар кормандони ҶДММ "Файзрези олимиён", ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахъсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.

Сипас дар ҶДММ "Файзрези олимиён" ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ва номи он "Файзрези олимиён" гузошта шул. Бо ҷонибдорӣ ва овоздиҳии аъзои ҳизб Олимов Фаррухрӯз раиси ташкилоти ибтидоии "Файзрези Олимиён" ва Олимова Мақсуда - муовини раиси ташкилоти ибтидоии "Файзрези олимиён" интихоб карда шуданд. 

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии "Файзрези олимиён" Изатуллои Ҳабибзод - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор оид ба масъалаҳои тағйиру иловаҳо ба ду қонуни миллӣ, торафат мураккаб ва пешгӯйинашаванда гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии мамлакат, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, таъмини амнияти озуқувории мамлакат ва беш аз ҳарвақти дигар муттаҳид гардидан дар атрофи сиёсати инсондӯстона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд.

Дар идома гуфта шуд, ки имсол аз таъсисёбии ҲХДТ 30 - сол пур мешавад ва албатта дар муддати фаъолияти сиёсии худ ҲХДТ бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб корҳои азими созандагию бунёдкориро ба анҷом расонида, ин рисолати волои ватансозиро пайгирона идома дода истодааст.

Дар фаромади маҷлис Олимов Фаррухрӯз - раиси ташкилоти ибтидоии "Файзрези олимиён" аз таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶДММ "Файзрези олимиён" хушнудии зиёд баён намуда,  зикр дошт, ки ҳайати кормандон, ки имрӯз шарафи узви ҳизбро дарёфт намуданд, бо дасту дили нияти пок барои пешрафти Тоҷикистони азиз ва расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш намуда истодаанд.