Вусъати мусобиқаи футбол дар шаҳри Хуҷанд
2024-08-16
Дар
асоси нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд бо
ҳамбастагӣ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” - и шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру
супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳр бахшида ба 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди футбол миёни варзишгарони солҳои
таваллудашон 2009 - 2010 ташкил ва баргузор гардид.
Дар
ин радиф бояд ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро яке аз
омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ
эътироф намуда, барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои
варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар талош мекунад.
Ин
нукта дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025
зикр гардида, гувоҳи он аст, ки ҳизби мо ва аъзову ҷонибдорони он дар баробари
дигар соҳаҳои муҳим ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, таблиғи тарзи ҳаёти
солим, омода намудани варзишгарони касбӣ дар ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ,
бунёди бештари боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳою гулгаштҳо
дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, махсусан шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт фаъолнокӣ
нишон медиҳанд.
Футбол
аз ҷумлаи маъруфтарин намуди мусобиқаи варзишӣ буда, миллионҳо нафар мухлисонро
бо ҳам овардааст. Он рамзи иттиҳоду
ҳамбастагист ва маҳз ба хотири рушди ин намуди варзиш, талқини дӯстиву рафоқат,
нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб тавассути корбариҳои пайваста
роҳандозӣ шуда истодааст.
Мусобиқаи мазкур дар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он зиёда аз 100 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 6 даста иштирок намуданд, ки дар ҷамъбаст ғолибону фаъолон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сазовор қадрдонӣ шуданд.