Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ дар раванди тазодҳои ҷаҳони муосир

2024-08-16

Имрӯз бо шиддат гирифтани рақобатҳои сиёсӣ роҳи ҳифз аз манфиатҳои миллӣ маҳз аз лиҳози тараққиёти илму технология дар заминаи рушди илм, таъмини инкишофи идеалогияи миллӣ ҷиҳати ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллиро зарур мебошад. Аз ин рӯ, бо баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ба василаи илму дониш зиракии сиёсӣ ва бо назардошти манфитаҳои умумимилли амалӣ мегардонад. Баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ танҳо ба институтҳои давлатӣ набояд такя кард, балки аз роҳи рушд додани идеалогияи миллӣ бояд тамоми ҷомеа баҳри ҳифзи ин манфиатҳо омода бошанд. Ҷомеа бояд зарфияти фаҳму дарки манфиатҳои миллиро ҳосил намуда, ҳар як фарди он танҳо ё дар фазои колективӣ аз ин манфиатҳо ҳимоя карда тавонад, ки ин аз сатҳи ташаккули мафкӯраи миллӣ вобастагӣ дорад. Танҳо илм ва мафкураи миллӣ метавонад миллатро дар баробари хатарҳои рӯзафзун таъсирнопазир гардонад. 

Истиқлолият маънои мустақилиятро дорад. Асосан калимаи «Истиқлолият» ба мардум ё давлат рабт дорад ва калимаи «Мустақилият» бошад ба ягон одам ва ё вазифаи ин ё он кас.

Истиқлолият доштан маънои онро дорад ки давлат ё мардум (халқ) новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятхо манфиату харакатҳои худро мустақилона қабулу амалӣ месозад.

Истиқлолиятро асосан давлатҳо барои худ бо мақсади ҳифз ва тараққи додани бойгарии милливу ҳуддудиашон истифода мебаранд.  

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ башумор меравад.

Тоҷикистон давоми 33 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, 

Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёт, озодӣ нангу номуси ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.  

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 

Акнун замони он расидааст, ки мардум бо диди нав ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд. 

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми сайёра мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад.  Моро зарур аст, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот, ва ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон, ру ба тарақи ниҳодани иқтисодиёт, саноатикунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.

Самараи неки Истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бигзор Истиқлолияти давлатии мо пояндаву ҷовидон бошад. 

 

Меҳроб Абдуев,

мудири бахши омор ва маҳзани               

ягонаи электроии КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур