Дар ташкилоти ибтидоии “Чароғи ҳидоят”- маҷлиси умумӣ баргузор карда шуд
2024-08-15
Бо риояи талаботи бандҳои 4.3 ва 4.4-и
Оинномаи ҲХДТ Маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии “Чароғи ҳидоят” баргузор
гардид.
Дар кори маҷлис Юнусова Рухшона - мудири
шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Достизода
Сайёҳат Ғулом - директори Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”-и
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои ташкилоти
ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзиданд.
Маҷлисро Сайёҳат Достизода бо суханони
ифтитоҳӣ оғоз намуда, рӯзномаи маҷлис ва меҳмононро ба иштирокдорон шинос кард.
Тибқи рӯзномаи маҷлис вобаста ба интихоби
раиси ташкилоти ибтидоӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Рухшона Юнусова баён
намуд, ки собиқ раиси ташкилоти ибтидоии “Чароғи ҳидоят” Сорбон Зарнигор бо
сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ озод карда
шуд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, раиси ташкилоти ибтидоӣ аз сари нав интихоб
гардад.
Аз ҷониби аъзои ҳизб номзадии Достизода
Сайёҳат ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Чароғи ҳидоят” пешниҳод ва интихоб
карда шуд.
Вобаста ба масъалаи дар маҷлис матраҳгардида
қарори дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуд.
Дар анҷом Рухшона Юнусова - намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози андеша намуда, даъват ба амал оварданд, ки корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати татбиқи талаботи Оиннома ва барномаҳои ҳизб, ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати гардиши кадрӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида бошанд. Ҳамчунин, вобаста ба авзои сиёсии зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, вусъат додани корҳои таблиғотӣ дар самти пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи урфу анъанаҳои мазҳабиву суннатӣ, посдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа ва тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ дастур манзур карда шуд.