Табибон роздони дардмандонанд

2024-08-15

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҳё” - и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Муродов Ҷурабек,  Абдурасул Гадоев - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қосимов Зайниддин - директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии илмии реаниматсия ва детоксикатсия ва аъзоёни ҳизб Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид.

Нахуст, Қосимов Зайниддин суханронӣ намуда, ҷиҳати таваҷҷуҳ ба кормандони соҳаи тиб изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки рушд ва такомули соҳаи тиб, қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз ғамхории ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, шахсан аз ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Сипас Муродов Ҷурабек ҳозиринро ба ифтихорӣ ҷашни касбии кормандони соҳаи тиб шодбош гуфта, иброз намуд, ки имрӯз кормандони соҳаи тиб иди касбии хешро бо комёбиҳои меҳнатӣ ва бо рӯҳбаландӣ дар остонаи таҷлили ҷашни 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Онҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд. Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дорад. Хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли асрҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин замина, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурўҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Дар анҷом ба табибони собиқадори ташкилоти ибтидоии “Эҳё” барои саҳмгузории бесобиқа дар таъмини тандурустии аҳолӣ бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.