Чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон

2024-08-09

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.

Дар ин замина санаи 8 августи соли 2024 дар Тарабхонаи “Бухоро” бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ бо оростани дастархони идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муҳаммадтолиб Шокирзода, собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони кишвар иштирок намуданд.

Зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сиёсати рўй овардан ба ҷавонон” - ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад. Бунёди иншоот ва майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ба роҳ монда шуда, мавриди баҳрабардории шаҳрвандони ҷумҳурӣ қарор дода мешавад.

Агар мо ба саҳифаҳои таърихи миллатамон рӯй оварем, огоҳ мегардем, ки шуғл ба варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим дар рӯзгори халқи куҳанбунёди мо аз қадимулайём нақшу манзалати хоса доштааст. Муҳимтар аз ҳама, варзиш ҳамчун қосиди сулҳ ва василаи дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани давлату миллат эътироф шудааст.

Ин нуктаи муҳим дар таърихи навини давлатдориамон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифта, то кунун барои солимии сокинон, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим, умуман оммавӣ гардонидани варзиш ва рушди он ҳама чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он аз ҷониби сарояндаҳои машҳури эстрадаи тоҷик сурудҳои дилнишин суруда шуд, ки табъӣ иштирокдорони чорабиниро хушу болида намуд.