Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Набз» таъсис дода шуд
2024-08-08
Санаи
5 августи соли ҷорӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Набз» бо иштироки
роҳбарият, кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Набз» ва раиси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи
муассисон ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар
ҷаласа роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб вобаста ба низоми давлати демократию
дунявӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, доштани мавқеи
устувори сиёсӣ, вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар ин замина иштироки
шаҳрвандон дар ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, пешгирӣ аз хурофот, соли
маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқию
сиёсии ҷомеа, масъулияти ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин
росто ибрози андеша намуданд. Инчунин вобаста ба мулоқоти Президенти мамлакат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ суҳбат
намуданд.
Дар
ҷаласа тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳизбӣ,
таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Набз» якдилона
дастгирӣ карда шуд. Як гурӯҳ кормандони ҷамъияти мазкур ба сафи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон аъзо шуда, шаҳодатномаҳои онҳо тақдим гардид.
Вобаста
ба номгузории ташкилоти ибтидоӣ, интихоби роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбӣ қарорҳои
дахлдор қабул карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли равон аз таъсисёбии он сӣ сол пур мешавад, дар
фазои сиёсии ҷомеаи ҷумҳурӣ мавқеи меҳвариро касб намудааст.
Барномаҳои
ҳизб фарогирӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ буда, дар татбиқи самтҳои он
ташкилотҳои ибидоии ҳизбӣ нақши калидӣ доранд. Бо татбиқи самараноки ҳадафҳои
оинномавӣ ва барномавӣ обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти
роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз афзун гардида
истода аст.