ВАТАНДОРӢ - ВАТАНДӮСТИСТ!
2024-08-08
Ватан
- Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, кишвари дорои табиати нотакрор, мардумони
дилшоду меҳмоннавоз, кишваре дар қалби Осиё мебошад, ки инсон, аз ҷумла ману
шумо дар он ба дунё омадем ва дар оғӯши гарми модаронаи он кору фаъолият ва
зиндагӣ карда истодаем. Ба ибораи дигар гӯем, Ватан сарзамини аҷдодӣ ва маъвои
меҳр аст.
Ватандӯстӣ
ин муносибати шахс бо давлат аст. Тарбияи ватандӯстӣ бошад, ин раванд аст.
Дар
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки аз
24-уми декабри соли 2022 қабул шудааст, мафҳуми ватандӯстӣ - муҳаббати шахс ба
Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона
хизмат кардан маънидод гардидааст.
Ватанам
як лаҳза аз ёди ту фориғ нашавам,
Фориғи
дар роҳи ту меҳри туро бохтан аст.
Беватан
нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар
Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.
Албатта,
ватандӯстӣ чанд шоха ё рукн дорад. Ҳар шахс дар ҳар куҷое, ки кор мекунад, бо
фаъолияти ибратбахши худ ба нафъи Ватан ва амали созандааш метавонад саҳмгузор
дар рушди Ватан бошад.
Ба
ибораи арзишманди Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва
ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили
асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Шахси
ватандӯст нафареро мегӯянд, ки ба Ватан - Тоҷикистон садоқат дорад, дар ҳама
ҳолат барои ҳифзи марзу бумаш омода аст, риояи меъёрҳои Конститутсия ва
қонунҳои амалкунандаи кишварро ба одати доимии худ табдил додааст ва муҳимтар
аз ҳама ба Ватан ва миллат хиёнатро раво намебинад.
Илова
бар ин, шахси ватандӯст бо амали неку созандааш баҳри муаррифии Ватан дар арсаи
байналмилалӣ талош меварзад ва дар ободонии диёр саҳми намоёни хешро мегузорад.
Ё
метавон гуфт, ки ҳар волидайне, ки фарзанди хушахлоқ, дорои илму дониши
муосирро тарбия менамояд, ин саҳми ҳамон оила дар пешрафти Ватан мебошад, ки
чунин фарзандон бе ягон муболиға дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ
ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба камол мерасанд ва дар оянда барои рушду
тараққиёти Тоҷикистон хизматҳои шоиста менамоянд.
Дар
шароити торафт мураккаб гардидани вазъи пурпечутоб, пешгӯинашаванда,
зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ягона фишанги ҳаракатдиҳандаи рӯзгор ва пешгирии
ҳама гуна хатару таҳдид ба истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ин ватандӯстии
шаҳрвандони мамлакат маҳсуб меёбад.
Вазъияти
дар минтақа ва ҷаҳон баамаломада бори дигар мо, шаҳрвандони мамлакатро ҳушдор
медиҳад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои имрӯз ва фардои
Ватан рисолати волою муқаддаси худро, ки муттаҳидию сарҷамъӣ, созандагию
бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба мероси бойи фарҳангию
илмӣ мебошад, садоқатмандона иҷро намоем.
Дар
Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ шиори “Ватандӯстӣ” ва “Рушд”
эълон карда шуд, ки баҳри ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳам рушди бемайлони
Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Таҳлилҳо
дар минтақаҳои кишвар собит карда истодаанд, ки баъзе аз ҷавонони мо шартан
метавон гуфт, ки ду мушкилоти асосӣ доранд: якеро метавон ҳавову ҳавас номид,
дуюмиро метавон кутоҳандешӣ ном бурд. Якумӣ, мехоҳанд зуд соҳиби сарват шаванд,
дуюмӣ хеле зудбовар ҳастанд. Ҳамин ҳаваси зудсарватманд шудани баъзе ҷавонон
онҳоро зудбовар кардааст ва зудбовариашон онҳоро ба доми гурӯҳҳои ифротию
террористӣ мебарад.
Дар
замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шарофати сиёсати оқилона, дурандешона,
инсондӯстона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории навини миллиамон
ба камол расидани насли наврасу ҷавон тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз
ҷумла, қабули барномаву консепсияҳо, қонунҳои соҳавӣ, роҳандозии имтиёзҳо,
баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва
ғайра.
Илова
бар ин, бунёди иншоотҳои фарҳангӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, бунёди
боғу гулгаштҳо, бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат,
гиромидошти ҷашнвораи мутафаккирони миллат, таҷлили солгарди шаҳрҳои қадима ва
дигар иқдомот баҳри ватандӯстии шаҳвардон заминаҳои устувор гузошта истодааст.
Барои
насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардан се ниҳод - оила,
мактаб ва ҷомеа бояд дар ҳамдастӣ мисли занҷира ҳамкории зич дошта бошанд.
Ҳамзамон,
бузургтарин мактаби тарбияи ватандӯстӣ барои насли ҷавони даврони
соҳибистиқлолии мамлакат ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии
Тоҷикистон мебошад.
Роҳи
дигари муассири баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ин решакан намудани
хурофот, зиёдаравӣ ва таассуб дар ҷомеа мебошад. Зеро хурофотпарастӣ боиси
қафомондагии ҷомеа гардида, оҳиста-оҳиста ба фалаҷ гардидани рукнҳои
давлатдории миллӣ оварда мерасонад.
Бо
дарки баланди эҳсоси ватандӯстӣ иброз бояд дошт, ки ибораи арзишманд, мондагор,
ҷовидона ва таърихии Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ифтитоҳи чархаи якуми Неругоҳи барқи
обии “Роғун” садо дод, Тоҷикистонро мунаввар, шаҳрвандонро дар дохил муттаҳид
ва ҳамватанони бурунмарзиамонро зери як ғояи муқаддас ҷамъ овард, ки ин шиори
ҳамешагии тоҷикон гардид: “Тоҷикистон ба пеш! Ба сӯйи қуллаҳои баланди пешрафту
тараққиёт!”
Роҳандозии
чорабиниҳои таблиғотии ҳадафманд ва суроғавӣ бо усулҳои муосири таблиғот деҳа
ба деҳа, кӯча ба кӯча, хона ба хона, ҳамсол ба ҳамсол ва рӯ ба рӯ дар самти
ватандӯстии шаҳрвандон натиҷаҳои мусбат хоҳад бахшид.
Дар
маҷмуъ, барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҷониби давлату Ҳукумати
мамлакат тамоми тадбирҳо дар ҳамаи самтҳо роҳандоҳӣ карда шудааст. Аз ҷумла,
дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи
озодона, таҳсил, фароғат, дастрасӣ ба ҳамагуна маълумоти саҳеҳи иттилоотӣ ва
ғайра.
Бешак,
далериву ғаюрии қаҳрамонони халқи тоҷик, бахусус, таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби давлатдориашон намунаи олии
ватандӯстӣ барои насли наврас ва ҷавонон маҳсуб меёбад.
Иқдоми
наҷибу таърихии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақдими китоби
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат барои бедор намудани
ҳофизаи таърихии миллат ва сабақ гирифтан аз ҳодисаҳои таърихӣ мусоидати фаъол
карда истодааст.
Бо
итминон метавон гуфт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати
ҳуқуқӣ” барои баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ, ба одати доимии сокинон табдил
ёфтани риояи қонунҳои амалкунанда ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии
шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар
шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тақвияти фаъолияти идеологӣ муҳим буда,
дар ин самт нафарони таҷрибадор ва донишманду сухандон бояд ба истиқболи мардум
раванд, ба мушкилоти онҳо гӯш диҳанд ва барои рафъи онҳо дар якҷоягӣ бо
масъулони ҳамаи соҳаҳо мусоидат намоянд.
Табиист,
ки дар мубориза бо ҳамагуна таҳдиду хатар моро зарур аст, ки мафкурасозии
миллиро тақвият бахшем дар зеҳну шуури насли наврасу ҷавони мамлакат руҳияи
ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллиро бедор намоем.
Мушоҳидаҳо
нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротию тундгаро ба хотири расидан ба ҳадафи нопоки
худ аз эътиқоди динии мардум истифода мебаранд. Роҳи мубориза ба ин гуна гурӯҳ
ва ё афрод таҳаммулпазирии шаҳрвандон буда метавонад.
Воқеан
ҳам, Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва
созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари орому соишта ва
дар сафи кишварҳои рӯ ба инкишоф қарор гирифт.
Барои
ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ бояд ҳар як шаҳрванд худро масъул ва
муҳофизи ин дастовардҳо шуморида, дар таҳкимёбӣ густариши пояҳои истиқлол ва
ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.
Фаромӯш
набояд кард, ки обрӯву эътибор, сари баланд ва рӯйи сурхи миллати тоҷик маҳз
кишвари азизамон - Тоҷикистон аст!
Изатуллои
ҲАБИБЗОД,
раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Ҳисор